Нони гарми Садбарг
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 398
Чанде пеш дар ноҳияи Фархор будам. Ронандаи мусофирбар-Сулаймон аз деҳаи Душанбечаи ин мавзеъ будааст. То маркази ноҳия 6-7 километр монда буд, ки Сулаймон “қариб фаромӯш кунам, бояд нони гарми танӯрӣ мегирифтам”, гӯён тақрибан 15-20 метр ба қафо баргашт. Дар канори роҳ танӯри нонпазиро дидам.
Танӯри тафсон пури нон буд. Зани миёнасоли
гандумгуни чолок бо остинча нонҳоро тез-тез аз
танӯр канда, болои дастурхон гузашт. Ронандаи
мо панҷ дона нон гирифт ва боз роҳро идома
додем. Бӯйи нони гандумӣ иштиҳоро қозгир ме-
кард. Бо ронанда дар як лаҳза як нонро нӯши ҷон
намудем...
Ин бонуи нонпаз аз маркази ноҳия буда, се
моҳ боз дар сари роҳи ин мавзеъ танӯр сохта,
барои роҳгузарон, маъракадорон нону кулча ме-
пазад. Номаш ҳам ба худаш зебанда-Садбарг
будааст. Ӯ ҳар рӯз то 100 дона нону кулча мепа-
зад. Агар тӯю маъракадорон фармоиш диҳанд,
пухтани кулчааш бештар мешавад.
Хушмуомилагию ҳалимӣ ва забони шири-
наш як олами дигар аст. Ҳафт фарзанд дошта-
аст, апаи Садбарг. Аксараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ-дар Россия будаанд. Садбарг бо ин ҳунараш ризқу рӯзиашро меёбад.
Ин бонуи меҳнатӣ 3 гектар боғ доштааст.
Ин боғи мевадорро якчанд сол пеш ҳасудону
бахилон оташ зада, хушкониданд. Вале апаи Садбарг аз ин дилшикаста нашуда, баръакс, ба зиндагӣ, ҳаёт ва фарзандонаш дилгарм шудааст.
Бо ин ҳунар-пухтани нони гарму хушбӯй номдор
шудааст.
Нурулло ҲАСАНОВ,
рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...