Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Қаҳрамони навбаромад


Қаҳрамони навбаромад



Дар  муассисаҳои  фарҳангӣ  қатори  мардон  занону  духтарони  бисёри  бофаҳму фаросат  ва  донишманд  низ  фаъолият  менамоянд.  Онҳо  касби  худро  аз  таҳти  дил дӯст  медоранду  ба  он  содиқу  сазоворанд. 

Хусусан, китобдорон хеле сермутолиа буда, дар ғановати корҳои фарҳангию маърифатӣ бебаҳоянд.  Китобҳои  дар  ихтиёрашон  бударо ба қавле бехтаю мазмуну мундариҷаи онҳоро об карда хӯрдаанд. Ҳангоми баргардонидани китобҳо онҳо ҳатто бо хонандагон саволу ҷавоб мекунанд, то бидонанд, ки дар ҳақиқат  мухлисони  каломи  бадеъ  асарҳои гирифтаашонро  хондаанд  ё  не?!  Баъди қаноатманд  шудан  ба  онҳо  таҳсину  офарин  мехонанд,  то  дилгарм  шаванду  шавқу ҳавасашон нисбат ба китобу китобхонӣ афзояд.

Гул бе хор намешавад. Дар баъзе ҷойҳо мудирони китобхонаҳо ашхоси нолоиқу тасодуфиеанд, ки ягон хоку балоро намедонанду мансабҳоро  аз  рӯи  шиносбозӣ  мангирифт кардаанд. Баъди гирифтани вазифа ба дари китобхонаҳо  чун  анбор  қуфли  ҳафтманӣ зада,  бо  хотири  ҷамъ  аз  пайи  анҷараи рӯзгори худ мешаванд. Парво надоранд, ки хонандагони муштоқи китоб ҳафтаю моҳҳои дароз барои ёфтани онҳо аз пушташон кашола шуда мегарданд, то асарҳои дӯстдоштаю заруриашонро  дастрас  карда,  ба  озмунҳо тайёрӣ  бинанд.  Гӯё  гаҳвораашон  аз  осмон афтода бошад, боз садуяк нағмаю нағомоти дилбазани дигаре ҳам доранд, ки мардумро аз  китобхонӣ  тӯронда,  хислати  мандонами-шон оқибат ба сари худи ин тоифа оби хунук мерезад.

Як рафиқи рӯзноманигори фарҳангиамро одати безеби нафаре аз чунин китобдорони ҷавону  фориғболи  бетаҷриба  ба  ҷон  расонидаю ӯро ба танг оварда буд. Ҳар боре, ки вай  ба  китобхона  меомад,  ҳарчанд  мудир ӯро медонист, лекин ҳатман ному насабашро тагкобӣ кардаю мепурсид, мисле, ки гӯё муфаттиш бошад.

- Хоҳарҷони азиз, - мегӯяд рӯзе ҳангоми ба  китобхона  омаданаш  дӯстам  ба  вай. 

-Охир,  Шумо  маро  мешиносед-ку.  Пас,  чӣ ҳоҷати ҳар дафъа батакрор пурсидани ному насаби банда? Он дар варақаи бақайдгирии хонандагони Шумо ҳам навишта шудааст.

-  Кӣ  медонад,  -  бепарвоёна  ҷавоб медиҳад духтараки китобдор, - ҳоло одамон мисли  симкортҳои  телефонҳои  мобилӣ  ҳар ҳафта  ному  насабашонро  дигар  мекунанд. 

Мабодо Шумо ҳам онро иваз накарда бошед мегӯям?

-  Ному  насаби  падарию  бобогиам  он қадар беқадр нашудааст, ки онро тез-тез дигар намоям, - ҷавоб медиҳад рафиқам.

- Ин тавр бошад, тавбаи насуҳ кардам, - мегӯяд китобдор қасам болои қасам хӯрда.

Одате бо шир ояд, бо ҷон барояд. Боре дӯстам барои ёфтани як асари заруриаш боз ба китобхона меояд. Китобдори парешонавзои  фаромӯшхотир  мисли  Аҳмадаки  пори-на  қавлу  қасамашро  пушти  по  зада,  аз  рӯи 
одати ҳаринаи хунукаш аз нав ному насаби вайро мепурсад. Шиносам аз ин сахт ошуфтаю бедимоғ гашта, дар варақе бо ҳарфҳои монанди чашми гов калон-калон ному насабашро навишта, ба ӯ медиҳад, то вайро дигар беҳуда напурсаду асабӣ насозад.

Дар яке аз санҷишҳои аттестатсионии дар байни  кормандони  муассисаҳои  фарҳангӣ гузаронидашуда  аз  ҳамон  китобдори  бесаводи  ҷойро  тасодуфан  бандкарда  аъзоёни комиссия  мепурсанд,  ки  номи  қаҳрамонҳои Тоҷикистонро медонад?

- Албатта, медонам, - ба гӯрӯғлихонӣ ме-дарояд духтараки китобдор.-Номи яктояшон Темуршоҳ  асту  мегӯянд  аслу  насабаш  Бадахшонист. Вай аъзои китобхонаи мосту ҳар замон ба он ҷо омада, як қиёмат китобҳоро сари арқа карда, барои хондан гирифта мебарад.

- Темуршоҳ? - бо ҳайрат мепурсад нафаре аз санҷишгарон ва гаранг мешавад, ки ин қаҳрамони  навбаромад  аз  он  ҷо  боз  кӣ  бошад.

- Ҳа, Темуршоҳ, - қамчин мезанад гапро китобдор.-Ҳатто  ному  насабашро  ҳам  на-вишта ба ман додааст, ки онро фаромӯш накунам.

Аъзоёни комиссия ба нимкосаи таги коса сарфаҳм рафта, ботааҷҷуб ба китобдор менигаранд, ки ин духтараки сабилмонда мабо-до боз сарғӣ - парғӣ набошаду тӯйи бедоираро ба сарашон гардон карда, обрӯи ҳамаро резонад.

Сабза  дар  санг  нарӯяд,  чӣ  гунаҳ  боронро?  Шубҳаи  санҷишгаронро  пай  бур-да,  аз  оқибати  кори  худ  бехабар  китобдори 
бедонишу  фарҳанг  аз  сумкачааш  ҳамон варақи навиштаҷоти як вақтҳо ба вай додаи рӯзноманигор  Темуршоҳи  Файзалиро  баро-варда, ба онҳо нишон медиҳад...

С. БАЁЗӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода