Мо бояд ватандӯст бошем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 374
Тоҷикистон ватани мост. Мо бояд ватани хешро аз ҳама бештар дӯст дорем ва нагузорем, ки ягон нохалафе нисбати ватани мо ҳарфи ноҷо занад. Ватан маконест, ки мо дар онҷо ба дунё омадаву тарбия ёфтаем.
Аз манзараҳои зебову чаҳ-чаҳи булбулон ва обҳои мусаффояш лаззат мебарем. Бинобар ин, ватанамонро чун модар дӯст медорему ҳамеша дӯст хоҳем дошт.
Моро модар ба дунёи ҳастӣ оварда бошад, дар оғӯши гарми Ватан ба камол расидаю соҳибмаълумоту соҳибкасб шудаем.
Аз ин рӯ, мехоҳам ҷавонони имрӯза ҳамеша ватандӯст бошанд, нагузоранд, ки ин ободиву зебоӣ хароб шавад. Ватан мисли модар аст, ки туро дар канор гирифта мехӯронаду мепӯшонаду мехононад, то дар оянда ҳамчун фарзанди арзандаи меҳан ба камол расӣ. Ҳисси ватандӯстӣ ин садоқат ба ватану хизмат ба халқаш мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадаш ба ҷавонони имрӯза дар доираи тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва дӯст доштани Ватан, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги хеш ва пос доштани арзишҳои миллӣ таъкид менамояд: «Шумо-ҷавонони саодатманд, ки ояндасозони ин Ватани биҳиштосо ва фардои Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебошед, метавонед дар ҷаҳони пуртазоди муосир Тоҷикистони соҳибистиқлол ва манфиатҳои давлату миллатро ҳифз кунед, сарзамини аҷдодиро боз ҳам ободу зебо гардонед ва қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандии худро дар назди Модар-Ватан сарбаландона иҷро намоед». Агар Тоҷикистон орому осуда бошад, дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон мешавад.
Ин суханони ватандӯстона, бешубҳа, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ
аст. Набояд фаромӯш кард, ки вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, бо корнамоӣ ва ҷонфидоии нав, аз ободтар кардани он иборат аст.
Ҳамзазода Тоҳир Сафар,
раиси Суди горнизони Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00