Мусича наҷот ёфт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 июн, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 599
Бобои Нодир дар қиёми рӯз аз хона берун шуд. Ҷониби замини гандумаш роҳ пеш гирифт. Ҳанӯз масофаи кӯтоҳро тай накарда, мусичае пеши пояш афтид. Паранда ҳарчанд кӯшиш мекард, ки дубора парвоз кунад, вале наметавонист, як қаноташ кушода намешуд. Якпаҳлу худро канори роҳ гирифт. Бобои Нодир онро ба даст гирифта, қанотҳояшро боэҳтиёт аз назар гузаронид.
Маълум кард, ки як қаноти мусича осеб бардоштааст. Ӯ мусичаро ба бағал андохта, роҳашро идома дод.
Чашми бобо ба се писарбача афтод.
Онҳо чизеро гум кардагӣ барин ба ҳар тараф давида, гирду атрофро аз назар мегузарониданд.
-Наберагонам, чизеро гум кардагӣ барин менамоед?-аз онҳо пурсид бобо.
-Мусичаро!-бо як овоз посух доданд бачаҳо.
-Бо камонғулак мусичаеро задам, он дар ҳамин самт афтод,-аниқ кард яке аз “шикорчӣ”-ҳо.
-Мабодо шумо мусичаи маъюбро надидаед?-аз бобо пурсид дуюмӣ.
Бобои Нодир мусичаро аз бағал бароварда пурсид:
-Ҳамин мусичаро мекобед?
-Ҳа,ҳа!-бо як овоз посух доданд бачаҳо.
-Як қаноти мусича маъюб шудааст, акнун аз қафои ман биёед,-гӯён бобо аз роҳаш гашт.
Бачаҳо хомӯшона, тарсону ларзон аз қафои ӯ роҳ пеш гирифтанд. Вақте ки ба хонаи бобои Нодир расиданд, онҳо бо роҳнамоии бобо аз чӯбчаҳои борик ва тахтачаҳои тунук барои мусича хонача сохтанд. Мусичаро дар дохили хонача гузошта, дар наздаш обу дон ҳам монданд. Бачаҳо акнун ҳар рӯз омада, мусичаро хабар мегирифтанд.
Аз байн қариб як моҳ сипарӣ шуд. Рӯзе бобо барои фаҳмидани шифо ёфтани қаноти мусича дари хоначаро кушода монд. Мусича каме безобита гашта, сипас аз дарича берун шуда, ба ҳавои кушод парвоз намуд ва ба болои дарахти чормағз нишаст.
“Ку-ку”, - гӯён бо забони худ чизе гуфту парвозкунон болои сари бобо чарх зада, парида рафт. Бобои Нодир ва бачаҳо аз натиҷаи корашон хурсанд гаштанд. Бачаҳо ба бобои Нодир ташаккур гуфта, ваъда доданд, ки дигар чунин гуноҳ содир намекунанд ва ба парандагон осеби ҷисмонӣ намерасонанд.
-Наберагонам,-гуфт бобои Нодир,-бо чашмонатон дидед, ки кори нек самари хуб ба бор меорад. Кӯшиш кунед, ки дар зиндагӣ мададрасону манфиатовари ҳама бошед. Парандагон низ як ҷузъи табиатанд. Онҳо ба ҳаёти одамон ҳеҷ гоҳ зарар намерасонанд. Меҳрубонӣ дар ҳаққи парандагон ин ғамхорӣ барои тозагии табиат ва муҳити атроф мебошад. Кӯшиш кунед, ки табиат ва муҳити зисти худро аз ҳар гуна чизҳои зараровару ифлоскунанда тозаву озода нигоҳ доред, чунки инсон бо табиати зебо ва муҳити тоза ҳаёти солим ва зиндагии хуб дорад.
Намоз СОЛИЕВ,
шаҳри Левакант
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00