«Дунёи бегуноҳон»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 369
Ман тифлам. Аммо андешаам фаротар аз дунёи тифлон... Мегӯянд, айёми кӯдакӣ як дунёи беғилу ғаш ва бемислу монанд аст. Аммо ман мехоҳам аз ин дунё набошам. Шояд мепурсед, ки чаро? Ман ба он хотир чунин тасмим гирифтам, ки ёдам намеояд волидайнам кай бо ман чун тифл-чун мояи хушбахтии оила муносибат карда буданд. Зеро дар ҳар мушкили оила сабабгору гунаҳгор манам.
Ҳанӯз хурд будаму ҳар вақто ки падарам аз кор дер ба хона бармегашт, модарам мегуфт: -Ҳамааш ба хотири ҳамин кӯдаки даҳоняла. Шаби дароз ором намегирад. Кадом марди ҳозира хонаи пурғалоғуларо дӯст медорад? Ба
рои ҳамин тез намеояд. Коре карда шабро аз нисф мегузаронаду баъд саргашти хона мешавад.
Мани тифл гӯиё “гунаҳгорӣ”-амро назди модар эҳсос мекардам, аммо забони ҳол надоштам, ки чизе бигӯям.
Чун шабгардиҳои падар тӯл кашиду “мақоми расмӣ” пайдо кард ва баъдан маълум гардид, ки ӯ “сари зулфи дигаре”-ро интихоб карда будааст, боз санг омад ба сари ман. “Агар ба беқарориву бехобиҳои ту дода намешудаму ба худам ҳам вақт ҷудо мекардам, ҳозир падарат “лаби боми дигаре” намерафт”-мегуфт боиллат модарам.
Билохира, ӯ ба ин сабуксариҳои падарам тоб наоварду роҳи хонаи падари худро пеш гирифт. Ва акнун ман мондаму майдони футболбозиҳои тағову тағобачаҳо. Ман барои онҳо намояндаи “лигаи муқобил” будаму сари ҳар қадам пешпоям медоданд.
Чун ба модари ҷавони ба гуфти янгаҳоям “бесабру таҳаммулу хом”-и ман хостгоре барои ташкили оилаи дувум мебаромаду бо сабаби фарзанд доштанаш аз раъяш мегашт, боз фаллоқи гунаҳгорӣ мепечид ба пойи ман. Гӯё ман сабаби ҳамаи бадбахтиҳои модар будам.
Бо ин ҳама душвориҳо мактабхон шудам. Акнун агар дар дарс хуб омода набошам, муаллима бо зарда мегӯяд, ки “охир оила дошта бошӣ, ки аҳамият диҳад”. Ва чун модар аз натиҷаи пасти баҳоям огоҳ шавад, “ба падарат намерафтӣ, чӣ мешуд?” мегӯяд.
Агар ҳисси шӯхиву ошӯбгарии ҳамсинфонам боло гирад, “қаҳрамон”-и ҳодисаашон ҳатман ман мешавам. Чун болу пари шикаста ва рӯҳияи афсурдаи ман гувоҳи он аст, ки сояи дасти падар ва муҳаббати модар ҳамроҳам нест.
Ин гуна мисолҳо ҳазор-ҳазоранд, ки ман дар маркази онҳоям. Ба ҳамин хотир, мехоҳам тарки ин дунё намоям. Ба дунёе равам, ки падару модарон ҳаққи ҳамдигарро адо намоянду нооромӣ ва бемории фарзандони хурдсолашон оромиши онҳоро барҳам назанад;
Дунёе, ки модарон роҳи ҳалли мушкилиро дар баргаштан ба хонаи падар набинанд;
Дунёе, ки волидон фарзандонро сабаби зиллати худ наҳисобанд;
Дунёе, ки муҳаббати волидон ҳамеша ҳамроҳи фарзандон бошаду адолати омӯзгорон маҳзари шодии шогирдон;
Дунёе, ки ҳастии фарзандон василаи шодиву нишоти хонадон ва азбайнбарандаи фироқу ҳиҷрон бошад;
Дунёе, ки ҳеҷ нафаре бар гунаҳгории тифлон киноя назанаду ҳеҷ тифле аз бесаробонӣ даст ба ҷиноят назанад.
Мегӯянд, он “Дунёи бегуноҳон” аст. Оё шумо роҳи расидан ба онро медонед???
Маҳҷуб, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...