Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » ҶАВОНОН


ҶАВОНОН



Имрӯз қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки нисбатан дар ҷомеа ҳамчун қишри фаъол нишона доранд. Аз ҷавонони ҷомеаи имрӯза дар оянда чиро интизор шудан мумкин аст? Ба он мисоле волидон “ҳосили ҷавро ҷаву ҳосили гандумро гандум” мегиранд? Ҷавони имрӯза бештар аз пешравӣ мегӯяд, вале худ дар пешравии ҷомеа саҳм мегузорад?

Ҷавон кист? Ин суолест, ки метавон ба ӯ бо чандин мисол посух дод. Ҷавон фардест, ки бо масъулият ва машаққат барои волидон хизмат мекунад. Ҳамчунин, барои рушду пешравии ватани худ ҳисса мегузорад. Агар аз паҳлуи мусбат назар кунем, дар ҷомеаи кунунӣ аксари ҷавонон барои пешбурди зиндагии худ меҳнат мекунанд. Дар қиёс бо солҳои қаблӣ, ҷавони имрӯза хело пешсаф аст. Ба таври мисол гуфта метавонем, ки ҳамагӣ чанд сол қабл падару модар фарзандро оиладор мекарданд, баъди оиладорӣ аксарият то чанд муддате сарбории волидон мешуданд.

Аммо имрӯз қисми зиёди ҷавонон аввал кор карда, хароҷоти тӯйро ҷамъ мекунанд, сипас, оиладор мешаванд, ки ин метавонад яке аз далоили рушди фаъолияти ақлонии ҷавонон бошад.

Аз паҳлуи дигар назар кунем, дар ҷомеа ҷавонеро, ки бештар пайравӣ ба ҳарзагӯён мекунанд, худ мудом аз паси корҳои беҳуда ҳастанд, пайдо кардан кори мушкил нест. Дар ин баробар, ҳолати худтаблиғкунӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ бештар мушоҳида мешавад, ки чанде аз онҳо низ ба хотири алфози қабеҳ аз ҷониби мақомоти қудратӣ ҷазо дода шуданд. Аз чунин рафторҳои ношоиста насли наврас чӣ меомӯзад? МО БАД НАБУДЕМ, МОРО МУҲИТ БАД КАРД. Ҷавоби аҷиб! Не, муҳит бад набуд, балки муҳитро гузаштагон бо чунин шакл сохтанд. Ҷавонони имрӯза пайравӣ ба гузаштагони худ мекунанд...

Оид ба дӯстӣ байни ҷавонони минтақаҳои Тоҷикистон метавон суханони хуб гуфт. Имрӯз садҳо омил сабаби пурқувват шудани риштаи дӯстии афроди ҷомеа гаштааст. Агар ба ду-се даҳсола қабл назар кунем, вожаҳои ба мисли кӯлобию ғармию помирӣ бештар вирди забон буд ва ин омили асосии душмании ғоибонаи мардум байни ҳам мешуд. Аммо, хушбахтона, имрӯз ҷавонони замони нав ин ақидаҳоро аз тафаккури худ дур кардаанд, ки бешак, самараи хуб медиҳад.

Чун ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 май – Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар ҳамбастагӣ ба ин рӯз, дар ҳудуди кишвар ҷамъомаду вохӯриҳо ҷиҳати пешрафти иҷтимоии ҷавонон гузаронида мешавад. Бо истифода аз фурсати муносиб ин рӯзро ба кулли ҷавонони барӯманди Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, барояшон пешрафту силсилакомёбиҳои нав ба навро таманно мекунам.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад!

Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода