Дар хизмати халқу Ватан
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 455
Обидҷон Маинов табиби асабшинос аст. Ӯ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ чор сол мешавад, ки дар маркази КАТС (Кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ)-и шаҳри Бохтар фаъолият намуда истодааст. Обидҷон беморонро натанҳо бо дорую дармон, балки бо суханони рӯҳбахш табобат мекунад.
- Вақте ки дар синфи 7-ум мехондам, бемор шуда, дар касалхона муддати зиёд бистарӣ гаштам. Дар он ҷо кори табибонро мушоҳида мекардам, ки онҳо барои табобати беморон мубориза мебурданд. Аз ҳамон замон тасмими табиб шуданро гирифтам,- ёдовар шуд Обидҷон Маинов.
Қаҳрамони мо чанд моҳ қабл дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия курси такмили ихтисос (электроэтсифолография)-ро гузашта, ба Ватан баргашт. Феълан ӯ ният дорад, баъд аз як муддати фаъолият дар давлатҳои Аврупо такмили ихтисос намояд.
- Дар замоне ки мо зиндагӣ дорем, мушкилӣ ва камбудиҳо зиёданд. Одамон низ аз ҳамаи мушкилот дур буда наметавонанд. Маҳз дар ҳамин давраи ҳассос одамон бештар ба бемории асабоният, фаъолияти нодурусти системаи асаб гирифтор мешаванд.
Дармон бахшиданро ба равони онҳо барои худ кори аввалиндараҷа меҳисобам. Ҷомеаи солим барои давлат бениҳоят зарур аст, мо мекӯшем, ки пайи солимии ҷомеа ва давлат ҳиссагузор бошем,- иброз дошт табиби асабшинос Обидҷон.
Воқеан, вуҷуди чунин ҷавонон ва фаъолияти онҳо дар самтҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ сазовори эътимод ва ифтихор аст. Чунки маҳз чунин ҷавонон бо дониш ва маҳорати баланди касбӣ, ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ метавонанд дар пешрафт ва тараққиёти Тоҷикистон саҳми назарраси худро гузоранд.
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриҳояшон бо ҷавонони кишвар таъкид медоранд, ки ҷавонон қувваи бузург ва неруи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб ёфта, бо маҳорати баланди касбӣ, кордонӣ ва дониши хуби худ дар тараққиёт, пешрафт ва солимии ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Ба ҷавонони кишвар эътимод ва умеди калон доранд, ман талош мекунам, ки ба эътимоди Сарвари мамлакат сазовор гашта, барои солимии ҳар як фарди Тоҷикистони маҳбубам кӯшиш ба харҷ диҳам ва ҳамеша дар хиз-мати халқу ватани хеш бошам, - бо ифтихор мегӯяд Обидҷон Маинов.
Фарида Баротова,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00