Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Роҳбари ҷавону масъулиятшинос


Роҳбари ҷавону масъулиятшинос



Шарифхон Баротзода номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, директори филиали Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мебошад. Ошно шудан бо кору пайкори чунин ҷавонони муваффақ намунаи ибрати насли ҷавон хоҳад буд.

Шарифхон Баротзода 16-уми майи соли 1988 дар ноҳияи Кӯшониён дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2005 баъди хатми мактаби миёнаи №12-и шаҳри Бохтар ба Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ дохил мешавад ва онро соли 2010 бо ихтисоси ташкилотчии фаъолияти бонкӣ бо дипломи аъло хатм менамояд.

Сипас, соли 2011 ба шуъбаи аспирантураи таҳсилоти ғоибонаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2015 хатм намудааст. Ин ҷавони донишманд, олими пуркор аз соли 2010 то имрӯз дар зинаҳои гуногун, аз ҷумла ассистенти кафедраи нархмуайянкунӣ ва суғуртаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (2010-2012), ассистенти кафедраи суғуртаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (2012-2013), муаллими калони кафедраи суғуртаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (2013-2015), саромӯзгори кафедраи назарияи иқтисод ва молияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав (2015-2016), ҷонишини сардори раёсати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2017-2019), декани факултети менеҷменти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2019-2020), декани факултети менеҷмент ва низоми гумруки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2020), дотсенти кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2020), сардори Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2020-2021), сардори шуъбаи банақшагирӣ ва маркетинги Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (2021), директори филиали Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар вилояти Хатлон (2021), аз соли 2022 то инҷониб директори филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият менамояд.

Дастовардҳояш дар соҳаи илм, омӯзиши фанҳои иқтисодӣ назаррасанд. Бахусус, пажӯҳишҳояш дар самти «Такмили методҳои паст намудани хавфу хатарҳои сармоягузорӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ», ҳимояи рисолаи номзадиаш бо роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Машраб Файзуллоев ва таҳти мушовирии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Мирсаидов Аброр Бобоевич аз комёбиҳои шоистаи таҳсин мебошанд.

Шарифхон Баротзода, ҳамчунин дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ ва фанҳои гуманитарии филиали Донишгоҳи байналмилалӣ, сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буда, ба ташнагони илм аз фанҳои назарияи иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фаъолияти бонкӣ дарс медиҳад. Ин омӯзгори муваффақ нисбат ба масъалаи ҷавонон, соҳибилм гардидани онҳо ҳамеша кӯшиш дорад. Берун аз соати корӣ низ вақти хешро бо шогирдони худ масраф месозад.

Маҳз бо роҳбарии устод 3 нафар докторанти Phd-и донишгоҳ таҳқиқоти илмӣ бурда истодаанд. Ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯст, кӯшиш дорад, дониши худро ба дигарон расонад, то ҷавонон аз олами иқтисод бохабар бошанд.

Дар ин бобат маводҳои илмии хешро дар нашрияҳои даврӣ ба табъ мерасонад. Дар конфронсҳои илмию назариявии вилоятиву ҷумҳуриявӣ андешаҳои илмии хеш дар бораи тараққиёти илми иқтисодӣ, равобити иқтисодӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон ва манфиатҳои он иброз дошта, дар баҳсҳои илмӣ фикру ақидаи худро баён намояд.

Муаллифи 3 дастури таълимӣ ва беш аз 40 мақолаи илмист. Хизматҳои шоёни устод Шарифхон Баротзодаро бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, даҳҳо Ифтихорномаи муассисаҳои таълимӣ, Ифтихорномаҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр қадр намудаанд. 

-Агар инсон назди худ мақсад гузорад ва дар амалишавии мақсад содиқона заҳмат кашад, ба муроди хеш мерасад, - мегӯяд Шарифхон Баротзода.

Хислати аз ҳама арзандаи ин инсони шариф дар он аст, ки хоксорӣ, меҳнатқаринӣ, пос доштани ҳурмати калонсолонро дар мадди аввал мегузорад.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода