Ихтироотам ба ман ном дод
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 488
Талабшо Муродзода яке ҷавонони муваффақи вилояти Хатлон буда, тавонистааст ба як қатор муваффақиятҳо даст ёбад. Ӯ муҳассили синфи 9-и литсейи тамоюли техникии шаҳри Бохтар мебошад. Талабшо ду карат ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанни физика ва математика, гирандаи стипендияи президентӣ, ғолиби даври вилоятии Академияи илмҳои хурди Тоҷикистон ва бо ихтирои НБО-и хурд дар озмуни вилоятии “Ихтироъкори беҳтарин” сазовори ҷойи якум гаштааст.
Шавқу завқи ихтироъкорӣ ҳанӯз аз хурдӣ дар замираш пайдо шуд. Ин бесабаб набуд. Бобою падар ва амакҳояш омӯзгори фанни физика, математика ва электромеханика мебошанд. Онҳоро дида, ӯ низ ба ин фанҳо завқ пайдо кард. Ҳамин тавр физика фанни дӯстдоштааш шуда, дар озмуну олимпиадаҳои вилоят ва ҷумҳуриявӣ оид ба физика иштирок менамуд.
Ихтироъкори ҷавон соли 2021 лоиҳаи НБО-и хурдро тартиб дода, сазовори ҷойи якум гардид. -Дар ҷодаи ихтироъкорӣ нахуст аз ҳар гуна ашёҳои нолозим таҷҳизот месохтам ва онро борҳо такмил медодам,-мегӯяд Талабшо.- Дар натиҷаи омӯзиши зиёд тасмим гирифтам, ки неругоҳи хурд созам. Заҳматҳоям бе подош намонд. Азбаски Тоҷикистони мо аз ҷиҳати гидроэнергетика рушд кардааст, сохтани неругоҳҳо айни муддаост, яъне ҳар қадар неругоҳҳои мо зиёд шавад, ҳамон қадар истеҳсоли неруи барқ меафзояд. Ихтирооти ман метавонад, бо сарфи кам қувваи барқ истеҳсол кунад.
Талабшо Муродзода ният дорад, ки баъди хатми муассиса ба факултети физика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, фаъолияти ихтироъкориашро идома диҳад. Ҳамчунин, бо дониши намунавии худ барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
Фарида БАРОТОВА, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00