Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Мадина - гурдофариди майдони варзиш


Мадина - гурдофариди майдони варзиш



Мадинаи Рустам аз деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Вайсови ноҳияи Восеъ мебошад. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ дар гӯштини миллӣ ном баровард. Аҷибаш ин аст, ки ӯ бо писарон қувваозмоӣ карда, ҳамеша ғолиб мебарояд. Ду соли охир дар ҳама ҷо сухан аз ӯ меравад. Чанде пеш дар гӯштини миллӣ, ки дар шаҳри Бохтар бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид, ӯ маҳбуби ҳамагон гашт. Мадина дар ин мусобиқа рақибонашро мағлуб карда, ҳаводорони гӯштини миллиро дар ҳайрат гузошт.


Ягона нафаре, ки роҳи Мадинаро дар ин намуди варзиш дастгирӣ кард, падараш Ситам Қурбонов буд. Вале модараш намехост, ки Мадина варзишгар шавад. Ӯро сарзаниш мекард, то дигар ба тамрин наравад, аммо падараш ба ин зид мебаромад ва Мадинаро дастгирӣ менамуд. Рӯзе дар ҷамоати Рӯдакӣ мусобиқаи гӯштин баргузор мегардад ва Мадина бори аввал дар он мусобиқа ширкат меварзад. Ӯ маҳорати хуб нишон дода, соҳиби мукофотҳои пуливу молии зиёд мегардад.

Дар деҳоти Кадучӣ низ гӯштин шуда буд ва чандин бачаҳоро мағлуб кард ва раиси ноҳия ба ӯ мукофоти пулӣ супорид. Мадина мукофоти пулиашро ба модараш доду гуфт: “Оча, ба ман дуо диҳед, гӯштингириро идома диҳам”. Модар ба машқу тамрини духтар монеъ нашуда, дуои некаш дод.

Орзуи ҳамешагии Мадина ин аст, ки дар чемпионатҳои ҷаҳон иштирок намояд ва парчами Тоҷикистонро баланд бардорад. Ӯ тақрибан 5 сол аз деҳаи Кадучии ҷамоати Миралӣ Вайсов ба маркази ҷамоати Рӯдакӣ (4-5 километр) ба толори мактаби варзишӣ меравад. Чор сол нозукиҳои гӯштинро аз мураббии мактаби варзишӣ Шарифҷон Қодиров омӯхт.

Устодаш Шарифҷон Қодиров бо ифтихор мегӯяд: “Мадина борҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори ҷойи якум шудааст. Ду карат чемпиони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ду карат чемпиони Тоҷикистон мебошад.

Ӯ ҳар саҳар бо падараш тақрибан 7 километр медавад. Падараш ӯро бо дучарха ҳамроҳӣ мекунад. Ӯ то имрӯз дар чандин мусобиқаҳои ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, ҳамеша дастболо гардидааст.

Моҳи ноябри соли 2019 дар ноҳияи Данғара чемпионати Тоҷикистон баргузор гардид, ки Мадина дар он ҷойи дуюмро сазовор гашт. Баъди як моҳ (2019) мусобиқаи гӯштингирӣ дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад, ки Мадина дар он иштирок мекунад. Ӯ умед дошт, ки бо духтарон ба майдон мебарояд, аммо ягон духтар дар он мусобиқа иштирок надошт ва ӯ бо писарон майдондорӣ мекунад. Мадина ҳамаи рақибонашро шикаст дода, соҳиби ҷойи якум ва медали тилло мегардад. Инчунин, дар мусобиқаи Ҷоми Имрон ширкат варзида, дар вазни 30 кило байни  духтарон ҷойи якумро мегирад.

Баъд аз ин дар Ҷоми Худойназар Боқиев дар вазни 32 кило миёни писарон низ ҷойи аввалро насиб мегардад.

Мадинаи Рустам мегӯяд: “Вақте ман сазовори ҷойи якум мегаштам ва парчами Тоҷикистон баланд мегардид, ман хушҳол мешудам, ашки шодӣ мерехтам. Бисёр мехоҳам, ки дар чемпионатҳои ҷаҳон низ парчами Тоҷикистонро баланд бардорам”.

Ягона орзуи ин паҳлавондухтар ин аст, ки дар деҳаашон толор ва майдончаи варзишӣ бисозанд, то дигар бонувону писарон, ки ба ин навъи варзиш завқ доранд, машқ намоянд. Ӯ мегӯяд, ки агар чунин шароит фароҳам оварда шавад, ба мисли ӯ чандин ҷавони дигар ба саҳнаи гӯштини миллӣ мебарояд.

Мадина шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан карда, умед дорад, ки ба қуллаҳои баланд мерасад. Ҳоло ӯ дар шаҳри Душанбе машқ карда истодааст ва нияти иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳониро дорад.

Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода