«Ҳеҷ чиз барои ҳеҷ кас...»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 425
Салом дӯстони азизам! Боз бо шумо сари суфраи суҳбат менишинем. Ва ин суҳбати мо аз даврони ҷавонист. Ҷавонии имрӯз ва ҷавонони имрӯз. Ин суҳбат атрофи он ҷавонони “муваффақ”-ест, ки бо “ҳеҷ” барои ҷомеа муаррифӣ шудаанд. Масалан, ман дирӯз дар шабакаи иҷтимоӣ бо ҷараёни суҳбати рӯзноманигор ва ҳунарманди “хушсалиқа”-и маъруфе ошно гаштам. Ҳунарманд атрофи як суруди нави худ ҳарф мезад, ки чӣ барои сурудани он боис шуда ва аз куҷо илҳом гирифта. Ростӣ аз тамошои ин муколама “лаззат” бурдам. “Хушо” ба ҳоли чунин ҷавононе, ки бо “ҳеҷ” маъруф мешаванд.
Аҷоибии кор дар он аст, ки худи ҳунарманд бо забони ҳол эътироф мекард, ки “...ин суруди ман барои одамони бодарк, бофарҳанг, зиёӣ ва ягон каси мушаххаси дигар равона нашудааст, балки он барои ....”.
Аз ин эътирофи “содиқона”-и эшон, ки сурудашон барои аҳли фарҳангу зиё ва одамони бодарку бофаҳм нест, маро “илҳоми эҷод” ба ҷӯш омад.
Қалам ба даст гирифтам. Бояд навишт, бояд эҷод кард. Албатта на барои аҳли фарҳангу зиё ва одамони бодарк, балки барои ҳеҷ кас.
Вақте барои “ҳеҷ кас” эҷод менамоӣ, кор тамоман ранги дигар мегирад. Чун дар ин ҳолат ту ҳеҷ чизро би эътибор намегирӣ. Охир он ба ҳеҷ равона шудааст. Яъне маънӣ ҳеҷ, сохтор ҳеҷ, мантиқ ҳеҷ, лафз ҳеҷ, зоҳир ҳеҷ, ботин ҳеҷ....
Ҳамин тавр, вақте ту “ҳеҷ”-ро эҷод мекунӣ рӯҳан орому осудаӣ. Чунки дар бораи натиҷа фикр карда, худатро ғам намедиҳӣ. Охир ту натиҷаро ҳам медонӣ. Аз ҳеҷ, ҳеҷ ба бор меояд.
Инак, дӯстони азизам, ман боифтихор ин аввалину охирин эҷоди худро –“Ҳеҷ чиз барои ҳеҷ кас” ном гузоштам. Дар навиштани он ба ҳеҷ мавзуи мушаххасе даст назадаму мазмуни он низ ба чизе равона нашудааст. Бо ҳеҷ оғоз шуда ба ҳеҷ ҷамъбаст шудааст. Ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки ин эҷоди ҷавониам маро ба қуллаҳои “ҳеҷ” хоҳад расонд.
МАҲҶУБ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...