Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » «Фалсафаи оила»


«Фалсафаи оила»



Фалсафаи оила…. Барои он ки ба умқи ин мафҳум сарфаҳм равам, на фалсафаи Чин монду на Ҳинд, на Юнон. Ҳамаро варақ задам. Яке дар муваффақияти оила аз категорияҳои сабабу натиҷа ҳарф мезад, дуюмӣ аз корбурди андеша ва сеюмӣ аз амал. Ин андешаҳо гоҳе ба ҳам зид буданду гоҳе мувофиқ ва аз онҳо ба як хулосаи аниқ омадан ниҳоят душвор буд.

Ва ман тасмим гирифтам, ки ба “фалсафаи халқӣ”-и худамон рӯй орам.

Чӣ кор кунем, то оила, ки “ячейка”-и асосии давлат ба ҳисоб меравад, устувор бошаду поянда ва мактаби бузурги зиндагӣ; Рисолати оилаҳо то ҷое бошад, ки дигар ба баррасии масъалаҳои “Генофонду генотсид” ҳоҷат намонад.

Мову шумо шоҳиди он ҳастем, ки аз рӯзи аввали оиладорӣ сарварони хонавода дар таманниёти тӯёнаи худ мегӯянд: “ҳамдигарфаҳмӣ ва бахту иқбол ёрашон бошад”. Ва ин ҳамдигарфаҳмиву бахту иқбол ба назари шумо чист?

Дар аввалҳо ман чунин ақида доштам, ки “ҳамдигарфаҳмӣ” ин ба фикру андешаи якдигар розӣ будану пойгаварзӣ накардан, ба интихоб ва хости якдигар эҳтиром гузоштан аст. Аммо баъдан ҳаёти воқеӣ ин мафҳумҳоро бароям дурусттар шарҳ дод. Яъне ҳамдигарфаҳмӣ ин ба қаҳру нози якдигар тоб овардан, ба олами рози якдигар кордор нашудан ва аз сӯзу гудози норозиёнаи якдигар аз зиндагӣ нофор нашудан будааст.

Бахт чист? Оё боре сари ин мафҳум ҳам андешидаед? Бахт ин ҳама чӣ доштану ғам надоштан ё зиндагии серу пур ва аз мусибат дур доштан нест, балки даст кашидан аз “тахт” ва таҳаммул дар рӯзҳои сахт будааст.

Иқбол бошад, ин бар дағалиҳо бо сухани нарм ҷавоб додан ва бо вуҷуди душвориҳо бо дасту дили гарм барои фардои худу оила кор кардан будааст. Ва ин аст фалсафаи зиндагӣ, ки на категорияи сабаб дораду на натиҷа, балки қонунҳои нонавишта ва пайёмадҳои пешгӯинашаванда дорад.

Маҳҷуб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода