Тоҷикистон-маркази дипломатияи об
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 554
“Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост, зеро об ин худ ҳаёт аст, об ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Мову Шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем”.
Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН
Имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон аз ташаббусҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан мегӯянд.
Воқеан ҳам, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли мушкилоти обӣ дар сайёра зиёд намудаанд. Ба ҳалли масъалаҳои минтақавӣ дар соҳаи об ба усулҳои эътирофшудаи байналмилалӣ оид ба истифодаи оқилонаву одилона ҷонибдор буда, пайваста ҳамчун ташаббускори пешниҳодҳо, тарафдори такмил додани низоми минтақавии марбут ба шабакаҳои идоракунии муштараки захираҳои об баромад мекунанд.
Беҳуда Ҷумҳурии Тоҷикистонро маркази дипломатияи об намегӯянд. Чунки, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд: «Ҳарчанд кишвари мо дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои обии Осиёи Марказӣ қарор гирифта бошад ҳам, аз масъалаи танқисии об худро канор гирифта наметавонад».
Ба таври ошкор баён карданд, ки мо ҳеҷ гоҳ ҳамсояҳо ва кишварҳои поёнобро ба мушкилоти норасоии об мувоҷеҳ намесозем. Яъне, ин суханҳои Сарвари давлат гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи марбут ба об дар канор набуда, кишварҳоеро, ки аз об танқисӣ мекашанд, танҳо намегузорад.
Бояд ёдовар шуд, ки ташаббусҳои нахустини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 аз минбари 54-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мавҷуд будани проблемаи оби тозаи нушокӣ садо дода буд. Бо қарори СММ соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шуд.
Дар ҳамон давра масъалаи ба миёнгузоштаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ яке аз проблемаҳои глобалие ба шумор мерафт, ки ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт ҳамбастагӣ дошт. Ин буд, ки 30-юми августи соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза гузаронида шуд.
Баъдан, пас аз натиҷагирии Маҷмаи умумии СММ аз Соли байналмилалии оби тоза, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, бар асоси иттифоқи назар бо ҷонибдории 141 кишвар, яъне аз се ду ҳиссаи аъзои СММ Қатънома дар бораи “Даҳсолаи байналмилалии фаъолият “Об барои ҳаёт” (2005-2015)”-ро баррасӣ ва қабул намуданд.
Иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ҳалли масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он сол то сол зиёд гардида, ин масоилро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, ташаббусҳои беназирро дар ин самт роҳандозӣ карданд. Аз ҷумла, эълон гардидани “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028” ва бори аввал пас аз 46 сол 21 ва 22-уми марти соли равон, таҳти раисии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфронси дуюми СММ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масоили об баргузор гардид. Боиси ифтихор ва сарфарозии кулли мардуми Тоҷикистон аст, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили об вирди забонҳои тамоми сайёра буда, эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ афзун мегардонад.
Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар масъулияти мардуми сайёраро нисбат ба ин неъмати бебаҳо дучанд намуда, одамонро ба ҳамкориву тафоҳум ва сарфакории оби ошомиданӣ даъват менамояд.
Ин иқдомҳои наҷибона боиси таҳсин аст ва бояд мо изҳору ифтихор аз он дошта бошем, ки фарзанди фарзонаи миллати куҳанбунёду тамаддунсиришти тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҳалли мушкилтарин проблемаҳои инсоният пешоҳанг буда, бо шарофати иқдомҳои хирадмандонаву наҷибонаашон эътибори давлати Тоҷикистон боло меравад.
Ҷалолиддин Азизӣ,
судяи Суди иқтисодии
вилояти Хатлон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00