Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » «Муҳаррир» нашр шуд


«Муҳаррир» нашр шуд



Маҷмӯаи «Муҳаррир» ба ифтихори 85-солагии собиқадори матбуоти тоҷик, Корманди шоистаи маданияти РСС Тоҷикистон, журналисти соҳибмактаб, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (имрӯза «Хатлон»), зиндаёд Муқим Абдураҳмонов нашр шуд.

Дар ин маҷмӯа ёддоштҳои Муқим Абдураҳмонов, хотироти ҳамкорону дӯстон ва аксҳои нодир аз ҳаёту фаъолияти ин публитсисти саршинос гирд оварда шудаанд.

Сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Н. Маъмурзода дар сарсухани маҷмӯа доир ба кору фаъолияти собиқадори матбуот Муқим Абдураҳмонов ёдовар шуда, менависад: «Дар бораи малакаи нодири роҳбарӣ ба коллективи эҷодӣ, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, мактаби сайқали ҳунар, ки устоди равоншод Муқим Абдураҳмонов дошт, инчунин, солҳои фаъолияти пурбораш дар вилояти Хатлон ҷилд-ҷилд китоб навиштан мумкин аст. Худи устод солҳои кор дар шаҳри Қӯрғонтеппа (имрӯза Бохтар)-ро беҳтарин давраи рӯзгор арзёбӣ карда, обу ҳавои водии Вахшро нотакрор ва дӯстони хатлониро дороии бебаҳои худ номидааст».

Дар маҷмуаи «Муҳаррир» матлабҳои М. Абдураҳмонов, хотироти Сабоҳат Сатторова – ҳамсари шодравон М. Абдураҳмонов, Носирҷон Маъмурзода, Боймурод Сайдалиев, Мирзо Набот, Давлати Султон, Саидҷаъфари Баёзӣ, Саломиддин Мирзораҳматов, С. Аттор, Гурез Қосимзода гирд оварда шудаанд.

Маҷмуаи мазкур бо ташаббуси идораи рӯзномаи «Хатлон» зери таҳрири номзади илмҳои филологӣ Н. Маъмурзода дар ҳаҷми 86 саҳифа дар чопхонаи «Матбаа»-и шаҳри Бохтар бо сифати баланд нашр шудааст.

Т. Толибзода ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода