Истиқлол - мубашшири саодатҳо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 379
Истиқлол таронаи шарафмандӣ, суруди худсолорӣ, достони худшиносӣ ва тараннуми сарафрозиву ватансозист. Истиқлол бунёди хонаи бузургест, ки исми ифтихории он кишвар ва давлати мустақил мебошад.
Имрӯз мо ин саодати беназир, яъне кишвар ва давлати мустақил дорем, бояд ба ёд биорем, ки чунин шараф ва хушбахтӣ ба мо чӣ гуна муяссар шуд? Кишвари харобгашта, 150 ҳазор куштаву гумном, як миллион гуреза, иқтисодиёти фалаҷ ва гирифтори яъсу ноумедӣ. Ин буд ҳамаи он чизе, ки ба Ҳукумати тозатаъсис баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мерос монда буд. Хушбахтона, садоқати роҳбари он ба миллат ва худфидоии миллат дар роҳи худсозиву ватанпарастӣ имкон дод, ки дубора кишвари мо ободу зебо гардад. Агар он харобиҳо натиҷаи ваҳдатгурезиҳои мо бошад, пас шукуфоиву зебоии бадастомадаро бояд натиҷаи ваҳдати миллӣ донист ва ҳукми мазкур ба таҳқиқ айни ҳақиқат ва оинаи воқеият мебошад.
Ваҳдати миллӣ дастоварди сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо шарофату баракати он кишвари мо аз гирдоби ҷанги дохилӣ берун омад ва марҳилаи созандагиву ободонӣ шурӯъ гардид.
Аз қадамҳои нахустин барои сарҷамъии миллат то замони ба имзо расидани Созишномаи умумии истқрори сулҳ ва ризояти миллӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода шуд, ки ҳамаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони навин бо хатти заррин сабт ёфтаанд. Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳи мо бо номи “Мактаби таҷрибаи сулҳи тоҷикон” дар ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор дорад.
Баҳори Ваҳдати миллии мо бо баргардонидани гурезаҳо, халъи силоҳ ва садо додани зангӯлаҳои дарс дар мактабҳо оғоз ёфт.
Чун миллати мо аслан миллати сулҳдӯст, маърифатпарвар ва созандаву ободкор аст, дар андак муддат натанҳо харобаҳои ҷанги дохилӣ бартараф шуданд, ки илова бар он дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишвар Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд қадам гузошт ва дар соҳаҳои мухталиф ба таври ҳайратангез пешрафтро соҳиб гашт. Истиқлол, ба таҳқиқ, беҳтарин саодат ва неъмат аст, ки таърих дар гардиши беҳисоби худ насиби кишваре ва ё миллате мегардонад. Истиқлол, яъне тақдири худро ба дасти худ навиштан, дар пеши касе сархаму мутеъ нагаштан ва соҳиби сарнавишти худ будан аст.
Истиқлолро бояд дӯст дошт, арҷ ва иззат гузошт. Он бояд натанҳо ҷашни расмӣ ва давлатӣ, балки ҷашни хонаводагӣ ҳам бошад. Мисле ки дар идҳои Рамазону Қурбон аҳли хонавода якдигарро табрик мекунанд, дар ҷашни Истиқлол низ бояд якдигарро оғӯш кунанд ва табрик бигӯянд, то ки кӯдак аз хурдсолиаш чӣ будани истиқлолро дарк кунад ва онро муқаддас бишу-
морад.
Истиқлол ҷашнест, ки бар ҳама ҷашнҳои дигар бартарӣ дорад, зеро он модари ҳама ҷашнҳои дигари давлатию миллист. Истиқлол аст, ки ҳуввияти миллиро таҳким мебахшад ва барояш ҷашн меофаринад, дуруст, мисли Қонуни Асосӣ, ки қонунҳои дигар худро бо он мувофиқ мегардонанд.
Агар ҳузури Истиқлол ҳузури шодиву ифтихор аст, пас набудани он мояи сад ҳазор бадбахтиву сардаргумист. Дур намеравем, Афғонистони ҳамсояро мисол меорем. Он зоҳиран истиқлол доад, аммо бист сол ин кишвар аз ҷониби низомиёни амрикоӣ идора мешуд ва ҳоло аз ҷониби парвардаҳои кишвари дигар.
Чун сарнавишти миллати ин кишвар ба дасти худаш нест, милионҳо нафар гурезаву овораанд ва миллионҳои дигар аз шиканҷаву гуруснагӣ азият мекашанд.
Омили аз ҳама асосие, ки барои таҳким бахшидани истиқлол хидмат менамояд, маориф аст. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд, ки бунёди ҷомеаи мутамаддин бе маориф имконнопазир аст. Дар ҳақиқат, ҳар куҷое, ки дари маориф баста мегардад, дари ҷаҳолату таассуб боз мешавад.
Дар замоне, ки кишвари мо ба кадрҳои баландихтисос дар ҳамаи соҳаҳои фановарӣ ниёз дорад, мутолиаи китобҳои бадеӣ аҳамияти вижа ба худ мегирад. Ҳакиме беҳуда нафармудааст: «Дар кишваре, ки Шекспир надорад, ҷустуҷӯи Нютон кори беҳуда аст». Ин ба он маъност, ки хониши китобҳои бадеӣ дар зеҳни хонандагон роҳро ба сӯи донистани илмҳои дигар боз мекунад, таҳкурсии аввалини илмҳои дақиқро мегузорад, завқи ихтирооти аҷибро дар ботин таҳрик мебахшад.
Ба таври маҷозӣ аввалин ихтироъкорони ҳавопаймоҳо онҳое буданд, ки афсонаи «гилеми паррон»-ро бофта буданд. «Мурғи сухангӯ» ҳамин радио ва «Ҷоми Ҷам»-и афсонавӣ варианти хаёлии «интернет» аст. Яъне, орзуву омоли инсонист, ки рафта-рафта бо рушди илму фановарӣ ба воқеият пайваст мешавад. Он чӣ овардем, як намунаи содаи замина гузоштани китобҳои бадеӣ барои илмҳои дақиқ аст ва ба он метавон асарҳои фантастикиро ҳам илова кард.
Китобхонӣ садди роҳи ҷинояткорӣ мегардад. Як адиби амрикоӣ чунин овардааст, ки вақте дар Чикаго ё Верҷиния маҳбас месозанд, миқдори ҳуҷраҳои онро барои даҳ-понздаҳ соли оянда ба назар мегиранд. Аммо чи гуна маъмурияти иолат медонад, ки шумораи маҳбусон дар даҳ-понздаҳ соли оянда чи қадар афзоиш меёбад ё кам мешавад? Адиб ба ин суол чунин посух медиҳад, ки барои ин омори китобхонони ҷавон дар китобхонаҳо мадад мерасонад. Агар миқдори китобхонҳои ҷавон зиёд бошад, шумораи ҷиноят камтар ва агар шумори китобхонҳо кам бошад, пас ҷиноят зиёд хоҳад шуд. Яъне китобхонӣ натанҳо ҷаҳонбинии одамонро такомул мебахшад, балки садди роҳи ҷинояткориву авбошӣ низ мегардидааст.
Шукри Истиқлол мекунем, ки бо шарофати он дар кишвари мо озмунҳои зиёди маърифативу фарҳангӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Дар ин миён, нақши озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» беназир аст. Дил лабрези фараҳ мегардад, вақте мебинем, ки пиру ҷавон, хурду калон ва зиёиву деҳқон дар ҷустуҷӯи китобанд. Ин як башорат аст, башорат аз ояндаи нек, фардои рӯшан ва зуҳури насли донову пӯё.
Зебуннисо Қосимова,
ғолиби озмуни «Фурӯғи субҳи
доноӣ китоб аст» дар номинат-
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...