Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Тарбияи ватандӯстӣ - омили муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ


Тарбияи ватандӯстӣ - омили муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ



«Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем. Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон


Таълиму тарбия ва соҳибкасбу бомаърифат гардонидани фарзанд дар фарҳанги мо аз қадим ривоҷ ёфтааст. Ниёгони мо ба таълиму тарбияи фарзанд ва махсусан тарбияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ таваҷҷуҳи калон зоҳир мекарданд.

Шахси тарбиядида дорои нангу номуси миллӣ, маънавиёти амиқ, фарҳанги баланд буда, нисбат ба арзишҳои умумибашарӣ эҳтиром мегузорад. Ҳеҷ гоҳ ба давлат ва миллати хеш хиёнат намекунад. Дар мушкилтарин лаҳзаҳои зиндагии хеш манфиати миллату давлатро нисбат ба манфиатҳои шахсии хеш боло мегузорад.

Бояд зикр кард, ки масъалаи тарбияи ватандӯстӣ, ифтихорӣ миллӣ, худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон, бахусус, насли ҷавони кишвар зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ӯ дар мулоқоту вохӯриҳо ва Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар ҷиҳати таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ пайваста таъкид менамояд. Масалан, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар омадааст: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем».

Дар кишвари азизамон Тоҷикистон бо мақсади асосҳои ҳуқуқӣ пайдо кардани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон 16 декабри соли 2022, №332 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид. Қонуни мазкур ҳадаф, принсип ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар  карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян мекунад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии онҳо як қатор санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавии давлатӣ бо мақсади тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир ва амали-
гардонии босамари сиёсати давлатии ҷавонон
қабул шудааст.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (то соли 2020), «Барномаи миллии Ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои
2018-2022» мисоли равшани ин гуфтаҳост.

Тибқи барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон яке аз ҷузъҳои таркибии ҷараёни тарбия ба ҳисоб рафта, ҷавононро дар роҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд.

Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҷавонон ба сифати неруи пуриқтидор ва ҳомии Ватан эътироф шудаанд. Ҷаҳони имрӯза, ки пур аз зуҳуроти номатлуб, терроризму экстремизм, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, ҷараёни бунёдгароӣ, амалиёти мафиозӣ, интиқолу истеъмоли маводи мухаддир, дахолати неруҳои бадхоҳ ба корҳои дохилии кишварҳои дигар, хусусан табаддулоти низомӣ ва давлатӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон ва дигар омилҳои номатлуби ҷойдошта, ҳар як давлатро водор месозад, ки ҷиҳати мустаҳкам кардани марзу буми кишвар ва ҳифзу таъмини бехатарии он чораҳои зарурӣ андешад.

Дар ин баробар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар зикр намуданд: «Мо имсол Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем».

Ташаббусҳои арзандае, ки дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва пос доштани осори ниёгони хеш тайи солҳои охир бо дастуру супориш ва ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва озмуни «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат», бо мақсади дарёфти чеҳраҳои навовару ихтироъкор, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ доир гардида, аҳли ҷомеаро боз ҳам ҷиҳати азхудкунии илму дониш роҳнамоӣ мекунад.

Ба андешаи мо, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки дар марҳилаи пур аз зуҳуроти номатлуб, ҳамарӯза афзоиш ёфтани омилҳои носолим дар байни насли ҷавон, аз қабили ҳолатҳои терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва ғайра, ки ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад, саривақтӣ мебошад. Раванди амалишавии он дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар роҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ хизмати арзанда менамояд. 

Аз ин рӯ, маҳз тарбияи дуруст дар самти ватандӯстӣ ва ифтихори баланди миллии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, метавонад бар зидди таҳдидҳои замони муосир ҳамчун қувваи бузурги муҳофизатии ватану таърихи он истодагарӣ карда, ба рӯҳияи шикастнопазири миллат табдил ёбад.

Эмомалӣ Набизода,
раиси созмони кор бо ҷавонони
Донишгоҳи давлатии Бохтар
ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода