Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » 30 тонна қулфинай ба бозор бароварда шуд


30 тонна қулфинай ба бозор бароварда шуд



Як ҳафта боз парваришгарони қулфинай дар ноҳияи Вахш аз заминҳои кушод ба ҷамъоварии ҳосил пардохтаанд.


Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, қулфинайкорон шуруъ аз моҳи март тути заминиро аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои истеъмолии кишвар мебароварданд. Аз моҳи апрел бошад, ҳосили қулфинай аз заминҳои кушод пешниҳоди сокинон гардонида мешавад.  


Тибқи иттилои манбаъ, танҳо дар Ҷамоати шаҳраки Киров, ки яке аз минтақаҳои асосии қулфинайпарварии ноҳия Вахш маҳсуб меёбад, имсол дар майдони 90 гектар қулфинай кишту парвариш карда шудааст. 

То имрӯз аллакай наздики 30 тонна қулфинай ғунучин гардида, ба бозорҳои мухталифи мамлакат содирот шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода