Балҷувон-минтақаи сайёҳӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 554
Солҳои охир дар ноҳияи баландкӯҳи Балҷувон як қатор иншооти наву замонавӣ бо тарҳи муосир бунёд гардида, ба ҳусни он таровати дигар бахшидаанд. Сокинону мардони саховатпешаи ноҳия дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35–солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоотҳои таъиноти гуногунро ба истифода супориданд ва дар боқимонда иншоотҳои сохташаванда корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Авҷи корҳои бунёдк орӣ Бахтиёр Сафарзода, раиси ноҳияи Балҷувон, зимни суҳбат қайд кард, ки ба истиқболи сазовори ҷашни 35–солагии Истиқлоли ҷумҳурӣ дар назар аст, ки то соли 2026 дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорону мардони саховатпеша 257 иншооти таъиноти гуногун сохта шавад. Дар нақшаи иншооти сохташаванда 20 муассисаи таълимӣ, 15 муассисаи тиббӣ, 5 муассисаи фарҳангӣ, 12 корхонаи саноатӣ, 23 маркази савдо ва хизматрасонӣ, инчунин, дар 16 қитъа кашидани хатти оби нӯшокӣ, 17 қитъа кашидани хатти барқ, 40 қитъа таъмиру навсозии роҳҳо ва 109 иншооти гуногун пешбинӣ гардидааст. Айни замон дар 28 иншооти таъиноти гуногун корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар 49 иншооти дигар корҳои таъмиру навсозӣ идома доранд. Инчунин, корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълими №13-и деҳаи Дулонамайдони Ҷамоати деҳоти «Балҷувон», МТМУ №17-и деҳаи Узнохур, МТМУ №24-и деҳаи Самари Ҷамоати деҳоти «Сайф Раҳим» ва МТМУ №20-и деҳаи Боҳтури Ҷамоати деҳоти «Сафар Амиршоев» корҳо идома доранд. Корҳои лоиҳакашӣ бошад, айни замон дар МТМУ №5-и деҳаи Солмолидашт, МТМУ №4-и деҳаи Охбулоқ ва МТМУ №11-и деҳаи Хироби Ҷамоати деҳоти «Балҷувон» ба анҷом расида, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик бо маблағгузории Маркази таҷдид ва сохтмони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон оғоз мегардад.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат ва бо ҷойи кор таъмин намудани сокинони маҳаллӣ соли гузашта 3 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, дар 2 корхонаи дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Сари Хосор- беҳтар ин мавзеи сайёҳӣ Балҷувон яке аз ноҳияҳои зебоманзари вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, бо доштани ҷойҳои таърихию сайёҳӣ диққати сокинонро ба худ ҷалб кардааст.
Яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳаво, ки диққати сайёҳони дохилу хориҷро ба худ ҷалб месозад, ин мавзеи Сари Хосор мебошад. Ҳангоми сафар ба ин ҷо аз дидани шаршараи овозадори мавзеъ дар ҳайрат мондем. Гирду атрофи он пур аз дарахтони гуногуни ҳамешасабз мебошад, ки ба ҳусни он ҷилли дигар бахшидаанд. Тибқи маълумотҳо, шаршараи Сари Хосор, ки дар баландии 2010 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад, дар кишвар зеботарин ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки бо мақсади ҳифзи намудҳои нодири набототу ҳайвонот ва рушди соҳаи сайёҳӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми октябри соли 2005 дар ин мавзеъ Парки табиии «Сари Хосор» таъсис дода шудааст. Он зертобеи Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар масоҳати 3805 гектар доман паҳн кардааст.
Тибқи маълумотҳо, дар мавзеи Сари Хосор 20 намуд набототи нодиреро дидан мумкин аст, ки соли 2015 ба «Китоби Сурх» - и Тоҷикистон дохил шудаанд.
Мавзеи Сари Хосор бо дарахтони куҳансолу сарсабз таваҷҷуҳи сайёҳони зиёдро ба худ ҷалб намудааст. Чинорҳои куҳнаи мавзеи Дашта, манзилгоҳи Шоҳ Неъматуллои Зарробии Балҷувонӣ ва деҳаи Дошмандиро метавон мисол овард, ки аз 200 то 1300 сол умр доранд. Дар дохили яке аз чинорҳои азимҷусса ҷувоз ҷой дода шудааст, ки бо номи Чинори ҷувоз машҳур мебошад.
Мавзеи дигари сайёҳии Сари Хосор деҳаи Боғи Зоғон аст, ки дар он зиёда аз 150 хоҷагӣ умр ба сар мебаранд. Шуғли сокинон чорводорӣ ва боғдорӣ мебошад. Дар деҳа чашмае бо номи Чашмаи Сулаймонӣ маъруф аст, ки дармонбахш аст. Оби он, ки аз байни сангҳои азимҷусса ҷӯш зада мебарояд, дар ҳама фасли сол ҷорист.
Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон дар мавзеи зебоманзари Сари Хосор меҳмонхонаи замонавӣ бо тарҳи муосир сохта ба истифода дода шудааст, ки аз се ошёна иборат буда, дорои шароитҳои хуби хизматрасонӣ мебошад.
Исломи РАҶАБАЛӢ ,
рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00