Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Соли 2022 кадом ихтисосҳо серинтихобтарин буданд?


Соли 2022 кадом ихтисосҳо серинтихобтарин буданд?



Дар байни гурӯҳи ихтисосҳо кластери 5 (тиб, биология ва варзиш) соли 2022 аз серинтихобтарин самт миёни довталабон гардид. Дар ин хусус директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.



Мавсуф афзуд, ки соли сипаригардида дар ҷойи дувум гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) бо 100%-и шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ қарор дошт. Таъкид гардид, ки дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён дар соли 2022-юм шумораи камтарини довталабони номнависшуда чун дар ИМД-и солҳои пеш ба гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) рост меояд, ки он ҳамагӣ ба 49,69% -и ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ баробар аст.


Номбурда иттилоъ дод, ки соли 2023 аз ҷониби Марказ нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки доимамалкунанда ва сайёр мебошанд, зиёд карда шуда, шумораи 34 нуқтае, ки дар ноҳияҳо мавҷуданд, ба 44 адад расонида мешаванд. Ҳамзамон дар назар аст, ки соли равон дар ноҳияи Ёвон маркази имтиҳонӣ ташкил карда шавад.


Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед!


Агар мехоҳед, ки ҳамарӯза ба ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар иборат аз видео ва инфографика шинос шавед. Пас, моро дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube,   FacebookInstagramOKTelegram ва сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj пайгир бошед.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода