Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Воқеа дар навбати нон


Воқеа дар навбати нон



Ёди он рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ барои шоҳидони вақт боз сангинтар аст. Ҳарчанд он ба ҳукми таърих ворид шудааст, вале аз ёдҳо намеравад.

Имрӯзҳо, баъзан дар маъракаҳо ва ё дар меҳмонӣ ношукриро нисбати нон мушоҳида мекунам ва як воқеаи ҳузнангези дар он рӯзҳои вазнин рухдода беихтиёр ба ёдам меояд. Ин воқеа дар назди як мағозаи хӯроквории собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар), аниқтараш, дар навбати нон ба вуқӯъ пайваста буд.

Дар он рӯзҳо камчинии нон сахт эҳсос мегардид. Мардум барои дастрас намудани нон соатҳо, яъне аз субҳи барвақт то шомгоҳон паси дари мағозаҳои хӯрокворӣ навбатпоӣ мекарданд. Ба нафаре як дона нон (хлеб) дода мешуд. 

Дар кӯчаю маҳаллаҳо бошад, сокинон аз рӯйи шумораи аъзои оила ва рӯйхат хлеб мегирифтанд.

…Ҳамон рӯз, чун ҳамешагӣ, баробари пайдо шудани мошини хлебкашон навбат ҳам ба ҷунбиш даромад. Ҳар яке мехост пештар гузашта нон гирад.

Мошин бо баҳонае хлебро дер оварду мардуми дар навбатистода асабонӣ шудаю баҳудаю беҳуда ба якдигар ҷанҷол мекарданд. Ба ҳамин тартиб шахси хлебдастраскарда аз навбат берун шуда наметавонист. Махсусан, кӯдакону бузургсолон зери фишори одамони дар навбатистода дармонда, садои имдодталаб мебароварданд. Вале касеро парвои касе набуду дар ғами насибаи худ якдигарро зери по мекарданд. Баъзан аз навбат «рондашуда» боз аз нав ба навбат меистод…

Кӯдаки тахминан 7-8-сола бо як азобе аз байни одамон берун шуд. Тугмаҳои куртааш кандаю дар даст танҳо як пора хлеб дошт. Ӯ зери пойи навбатистодаҳо монда, ними хлебро аз даст дода буд. Кӯдак зор-зор мегиристу аз тарси падару модар ба хона намерафт ва пуле надошт, ки дубора дар навбати нон истад. 
 
Нафаре ба доди кӯдак нарасид ва дар ними қатори навбат хлеб ҳам тамом шуд.

Зани солхӯрдае, ки дар даст як хлеб дошт, асозанон назди бачаи гирён омад ва ашки чашмони ӯро пок карда гуфт: «Гиря накун, мана ин нонро гирифта ба хона бубар, он ҷо аҳли оила нони туро интизоранд». Бача аз хурсандӣ шитобон ҷониби хона роҳ пеш гирифт.

Издиҳоми мардум аз ин амали кампир ҳайратзада шуданд. Зани дар навбатбуда ба ӯ рӯ оварда гуфт: «Нони худро ба бача дода, то пагоҳ гурусна чӣ кор мекунӣ?»

-Хоҳарам, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзҳои аз ин сахттарро дида, зинда мондем. Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд, поёни шаби сиёҳ сафед аст. Вале оилаи ин бача шояд кӯдакони зиёд дораду онҳо гурусна нишаста, интизори нонанд ва наҷоти онҳо ҳамин як дона хлеб бошад , - посух дод кампир.

…Бале, ҳар шабро саҳарест. Бо мурури замон, сад шукр, ба рӯзҳои нек расидем. Шукронаи Пешвои миллат ва соҳибистиқлолию ваҳдати миллиро мекунем, ки зиндагии серу пур дорем. Им рӯз дар бозору мағоза ва хонадони ҳар яки мо нон фаровон аст. Он рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ алҳол афсона шуда мондааст…

С. АТТОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода