Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Зинда бод, телефон!


Зинда бод, телефон!



(Суолу ҷавоб бо як зану шавҳар)
МУРОҶИАТ БА МАРД:

-Шумо кор мекунед?

-Бале, дар идораи давлатӣ.

-Бо телефони мобилӣ бисёр гуфтугӯ мекунед?

-На он қадар бисёр. Агар нафаре занг занад, ҷавоб медиҳам.

-Дар хона чӣ?

-Аз телефон “мегурезам”.

Ба кӯдакон таъкид мекунам, ки “ман дар хона нестам!”

-Метарсед, ки шабу ними шаб, рӯзҳои истироҳат ба кор даъват мекунанд?

-Не, телефони мобилӣ вақти касро беҳуда мегирад. Аз тамошои телевизор, мутолиаи китобу рӯзнома мемонам.

-Дар хонаи шумо кӣ бештар бо телефон гуфтугӯ мекунад?

-Завҷаам, албатта! Рӯзи дароз дар гӯшаш телефон овезон аст.

-Бо телефон гуфтугӯ кардан машғулият (хоббӣ) аст ё беморӣ?

-Хоббӣ? Не, ин хоббӣ нест. Ба беморӣ наздиктар. Бо завҷаам гуфтугӯ кунед, он кас дар ин “соҳа”, “профессор” шудагӣ...

МУРОҶИАТ БА ЗАНИ ХОНАДОН:

-Шумо хонашин-а?

-Маро шавҳарам хонашин кардагӣ (механдад).

-Бо телефони мобилӣ кӣ бештар гуфтугӯ мекунад: Зан ё мард?

-Оҳ шумо, мардҳо! Ба ҳамин дилхушии занҳо ҳам чашматон сих зад-а?

-Ба ҳар ҳол, фикратонро фаҳмиданӣ будем?

-Албатта, занҳо! Имрӯз хушбахтии зан дар ҳамин “ҷонвар” (телефон) аст.

-Магар мард хушбахтии зан нест?

-Э..., ин мардҳои мо хушбахтиро дар тамошои телевизору футбол мебинанд. 

Гӯё, ки зани онҳо телевизор бошад.

-Чаро занҳо бо телефон гап заданро дӯст медоранд?

-Аз танҳоӣ мекафем, заҳри зиқиро баровардан лозим.

-Кори хона чӣ: рӯбичин, пухту паз, шустушӯй... ба ҳамаи ин вақт меёбед?

-Ҳамаи корро бо телефон, ҳамроҳи дугонаҳо, иҷро мекунем. Дар бораи зиндагии якдигар маълумот гирифта, ину онро ғайбат мекунем. Ҷавонии худро ёд меорем, чӣ мехӯрему чӣ мепӯшем ва ғайра.

-Киро бештар ғайбат мекунед?

-Шавҳари худро, албатта.

-Чаро?

-Ин сирри занона аст.

-Агар телефони мобилӣ муддате аз бебарқӣ (безарядӣ) хомӯш монад чӣ?

-Оромии хона низ халалдор мешавад. Агар гурусна ба шер занад, зан бе телефон монад, ба шавҳар дармеафтад. Бинобар ин, шумо-мардҳо кӯшиш кунед, ки телефони зан аз кор намонад..., ҳазл кардам.

... Ҳар як ҳазл заррае ҳақиқат дорад.

Аз ин рӯ, илоҳо телефонҳои мобилии занҳо ҳеҷ гоҳ вайрон нашаванд, то онҳо оромии хонадонро вайрон накунанд...

Зинда бод, телефони мобилӣ!


С. АТТ ОР, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода