Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Хушунат ё садоқат?


Хушунат ё садоқат?



Набера мехост, ки оид ба мавзуи хушунату зӯроварӣ, омилҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирӣ аз он маводи хуби расонаӣ омода намояд. Барои анҷом додани мусоҳиба ба назди модаркалонаш, ки таҷрибаи бойи зиндагӣ дошт, омад ва суол кард:

-Бибиҷон, мехоҳам андешаи шуморо чун як шахси соҳибтаҷриба дар бораи хушунату зӯроварӣ, ки имрӯз ба яке аз мушкилоти замони муосир табдил ёфтааст, шунавам. Умуман шумо дар масъалаи хушунат чӣ гуфта метавонед?

Модаркалон лаҳзае андеша карду гуфт: -Ман намедонам дар тафаккури шумо хушунату зӯроварӣ чӣ гуна аст? Аммо дар таҷрибаи зиндагии шахсии ман хушунат вуҷуд надошт.

-Наход?

-Бале. Аммо ман мехоҳам асрори зиндагии муваффақи хешро барои шумо баён намоям. ...Маро пас аз хатми донишгоҳ ба шавҳар доданд. Ба андешаи хушдоманам гӯиё ман аз уҳдаи кору бори хона дуруст баромада наметавонистам.

Хушдоманам ҳар вақт мегуфтанд:

-Туро дар куҷо калон кардаанд, ки дуруст аз уҳдаи коре баромада наметавонӣ? Ман чӣ хатое кардаму туро келин кардам? Вой, пешонаи шӯраме...

-Охир, ин хушунат аст - ку? Баъд шумо чӣ мекардед ва чӣ мегуфтед?

-Ҳеҷ чӣ. Бо сари хам ҳарфашонро гӯш мекардаму боз аз пайи маслиҳати додаашон мешудам. Ҷавоб нагардондан ба сарзанишҳои хушдоману сабурона аз пайи зиндагӣ шудан магар хушунат аст? Не! Ин садоқат ба зиндагист.

-Хоҳаршӯям, ки ба гуфти мардум андаке феъли “тез” дошту бадҷаҳл буд, дар муомилаҳои ману бобоят дахолат мекард ва дар ҳар кори анҷомдодаи ман айб меҷуст. Охир дар мо мегӯянд: “Аз хурдон хато, аз бузургон ато”. Магар таҳаммул кардани корҳои хатои як аъзои ҷавони оила хушунат аст? Не, фарзандам. Ин хирад аст, ки ба садоқати оилавӣ замина мегузорад.

-Ман муаллимаи ҷавон будаму ҳар вақте рӯзи маошгирӣ фаро мерасид, хусурам онро мегирифтанду ба каму кости рӯзгор сарф мекарданд ва баъд қадре барои эҳтиёҷоти худи ман медоданд. Магар сариштаву сарф кардани маош барои рафъи камбудии рӯзгор аз тарафи калони оила хушунат аст? Не фарзандам, ин садоқат ба эҳтироми хонаводагист.

-Шавҳарам, бобоят, ки аз кор бармегашт, агар ман ба ину он кор машғул шуда, ё аз мактаб дер омада хӯрокро сари вақт тайёр накарда бошам, гоҳо “муштнавозиш”-ам мекард. Магар таҳаммул кардани қаҳру ғазаби шавҳар, ки сарвару сарпарасти оила мебошад, хушунат аст? Не, ин садоқат ба зиндагии оилавӣ ва сабр барои осудагии ҳаёти ояндаи фарзандон аст.

-Вақте ки ба мактаб намояндае меомаду аз камбудиҳо ҳарф мезад, баъдан мудири мактаб оташи қаҳру ғазабашро ба сари мо рехта, соатҳо сарзанишамон мекард. Магар барои такмили касбият бо сари хам аз пайи ислоҳи камбудиҳо шудан ва “қад ба қад”-и роҳбар часпида ҷанҷол накардан бар шумо хушунат аст? Не, ин садоқат ба касби хеш ба ҷамъияти хеш аст.

-Баъдан, ки миёнасол шудиву соҳиби келину наберагон гардидӣ, гоҳо ба беэътибории келину беэҳтиромиҳои андаки кӯдакону набарегон сабр  кардану ҷанҷол нанамудан ва иззатталабӣ накардан хушунат аст?

-Билохира ба ғавғои ҳамешагии ҳамсояи ҷанҷолӣ сабр кардан, барои нофаҳмиҳои ҷавонон ҷабр накардан, дар камтаваҷҷуҳиҳои наздикон қаҳр накардан, барои талаби ҳаққи хеш чун дигарон ҳиллаву макр накардан ва дар омаду ноомади зиндагӣ таҳаммулу сабрро пеша кардан магар хушунат аст? Албатта, не! Ин садоқат аст. Садоқат ба зиндагӣ, бар оила, бар эътиқодҳо, бар эътимодҳо...

Боқӣ қазоват аз туст, ки ман бо хушунат зистам, ё бо садоқат.

Райҳона РАҲМАТОВА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода