Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Чанд бардошт аз Қалъаи Муғ


Чанд бардошт аз Қалъаи Муғ



Ҳайати эҷодии рӯзномаи “Хатлон” баробари ворид гардидан ба шаҳри Истаравшан, ба маҷмааи ёдгорӣ-таърихии Қалъаи Муғ ташриф оварданд. Дар баробари тамошо кардан аз маҷмааи мазкур, ҳамчунин, аз таърихи пайдоиш, муҳорибаю муқовиматҳои тоҷикон бар зидди истилогарон дар ин қалъа ва ҳамчун ёдгории таърихӣ ва макони сайёҳӣ эътироф гардидани Қалъаи Муғ маълумоти амиқу дақиқ пайдо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Қалъаи Муғ яке аз ёдгориҳои бостонӣ ба ҳисоб рафта, дар маркази шаҳри Истаравшан ҷойгир аст. Маҷмааи мазкур аз таърихи бою пурғановати мардуми тоҷик дарак дода, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ низ яке аз осорҳои қадимаи беҳамто ҳисобида мешавад. Майдони маҷмааи Қалъаи Муғ беш аз 6 гектар буда, дарозии девори қадимаи он 600 метрро ташкил медиҳад. Тибқи тадқиқот доир ба сохтани ин қалъа маълум гардидааст, ки маҷмааи ёдгорӣ-таърихии Қалъаи Муғ ҳанӯз дар замони давлатдории Ҳахоманишиён ва ҳукмронии Куруши Кабир бунёд ёфта, ҳангоми ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ба ин минтақа, лашкари Ҳахоманишиҳо 
аз Қалъаи Муғ бар зидди лашкари беҳисоби Искандар муқовимат нишон дода буданд.

Ҳамин тавр, дар натиҷаи тохтутозҳои кӯчманчиён, аҷнабиён ва русҳо соли 1866 Қалъаи Муғ вайрон гардида, хиштҳои пухтаи он дар сохтмони ҳабсхона истифода шуданд. Танҳо соли 2018 дар даврони соҳибистиқлолии давлати тоҷикон Қалъаи Муғ бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шакли пештарааш аз нав сохта пурра таъмиру тармим гардида, шакли имрӯзаро қабул кард ва ба саёҳатгоҳи оламиён табдил ёфт.

Ҳайати эҷодии “Хатлон” аз тамоми нуқтаҳои Қалъаи Муғ ва осорхонаи дохили он дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд. Ҳамчунин, кормандони рӯзнома доир ба бардошти худ аз тамошои ин маҷмааи таърихӣ андешаҳо баён намуданд (дар видео бо пахши QR-рамз бубинед).

Пас аз боздид аз Қалъаи Муғ ҷамъи ҳамкорон аз “Фарҳангсарои ориёӣ” дидан намуданд. Ҳайати эҷодии рӯзномаи “Хатлон”-ро шоира ва роҳбари “Фарҳангсарои  ориёӣ” Раънои Зоирдухт истиқбол гирифт.

“Фарҳангсарои ориёӣ” аз ду ошёна иборат буда, ҳар як утоқи он бо ҷиҳози лозима муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ошёнаи дуюми бино дар деворҳои он расми бузургони адабиёти тоҷик нақш ёфтааст. 

Тибқи иттилоъ, дар маҷмаа ҳар ҳафта маҳфили “Гули сухан” бо ҷалби шоирону нависандагони шинохтаи ин диёр баргузор гардида, бо ин роҳ ҷалби ҷавонон ба адабиёт, илму донишандӯзӣ ва маърифатноккунӣ боз ҳам зиёда мегардонад.

Н. Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” пас аз боздид аз ин макон таассуроти худро чунин иброз дошт: “Воқеан арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун ва фарҳанги пурғановати миллат боиси фараҳмандист. Вақте наврасону ҷавонони ин шаҳр барои сайқали илму маҳорати суханварӣ ба ин ҷо меоянд, аз тарзи суханронӣ ва донистани фарҳангу адабиёт роҳат мекунанд. Таваҷҷуҳи моро аз ин даргоҳ нақшу нигораҳо ва тасвирҳои дилрабо ба худ ҷалб кард. Маълум мешавад, ки барои бунёди ин макон заҳмати зиёд кашидаанд, махсусан ороиши дохили бино”.

Баъди боздид аз “Фарҳангсарои ориёӣ” аз радиои маҳаллии навтаъсиси “Парвин”, ки ба истиқболи 25 – солагии Ваҳдати миллӣ таъсис дода шудааст, дидан кардем. Моро дар ин макон Меҳрубон Зокирӣ, директори генералии радиои “Парвин” ва яке аз хонандаҳои фаъоли рӯзномаи “Хатлон” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, гарму самимӣ истиқбол гирифт.

Таассуроти ҳамкорон аз ин шаҳри бостонӣ зиёд аст. Ошно шудан бо таърихи ин минтақа, дидори ҳампешаҳо,  меҳмоннавозии ин диёри нозанин боиси ифтихор аст.

Ҷ. ҚИЁМИДД ИН,
Ф. УМАРО В, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода