Мушкилоти таълим дар ҳалли он кӣ масъул аст?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм, Боздид 1 037
Мактабу маориф як ҷузъи ҷудонопазири давлату миллат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Зеро бе дарки таҳсилу омӯхтани илму адаб ҷамъият рушд нахоҳад кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ пайваста дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Имрӯз норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ба назар мерасад, ки наметавон ба он бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуд. Чизи ташвишовар ин аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорони фанҳои дақиқ, риёзӣ, табиӣ, забонҳои хориҷӣ ва дигар фанҳои муҳим намерасанд.
Тибқи иттилои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 2166 нафарро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ чунин иброз доштанд: “Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.
Омӯзгорӣ касби пуршарафу масъулиятталаб аст. Аммо имрӯз аз ҷониби ҷомеа он қадар қадр намешаванд. Шояд ин низ яке аз омилҳои нарасидани омӯзгорони касбӣ дар муассисаҳои таълимӣ бошад.
РАВИШИ ДАРСИ ОМӮЗГОР
Муҳиддин Эргашев (номи шартӣ) омӯзгор, дар суҳбат бо мо, аз мушкилоти муассисаҳои таълимӣ шикоят бурд. Ӯ чунин иброз медорад: “Имрӯз дар муассисаҳои миёнаи умумӣ низоми муносибати босалоҳияти таълим ҷорӣ карда шуд, ки барои гузаронидани дарсҳои хуби омӯзишӣ як василаи нек шуд. Аммо дар ин миён мушкилиҳое мавҷуд аст, ки метавон онҳоро баррасӣ намуд.
Пеш аз оне ки низоми нави таълим дар муассисаҳо ҷорӣ шавад, омӯзгорон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиширо гузаштанд, то худ аз нозукиҳои гузаронидани ин навъи таълим огоҳ бошанд. Вале то имрӯз гузаронидани дарсҳои ҷавобгӯ ба низоми муносибати босалоҳияти таълим, ҳатто барои омӯзгорони таҷрибадор низ мушкилӣ меорад”.
Бо вазъи мушкилӣ ва таъмин набудан бо шароити хуби гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ, омӯзгорон кӯшиш мекунанд, ки равиши дарсҳоро то ба ҳадде ба талаботи низоми муносибати босалоҳият ҷавобгӯ намоянд. Низоми муносибати босалоҳияти таълим ба хонанда имконият медиҳад, ки худро дар як фазои озод эҳсос намояд ва омӯзгорро водор месозад, ки барои ҷолибияти дарси хеш маводҳои иловагиро ҷустуҷӯ намояд. Вале низоми босалоҳияти таълим каме ҳам бошад, омӯзгорро бепарво кард.
ПРОБЛЕМАИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Чун анъана дар муассисаҳои таълимӣ ба толибилмон китобҳои дарсиро ба таври иҷора пешниҳод менамоянд. Вале солҳои охир чанд проблемаҳои ҷиддӣ атрофи ин масъала давр мезанад. Аз чӣ сабаб бошад, ки баъзе китобҳои дарсӣ муҳлати истифодаашон гузашта, аммо то имрӯз нашри нави ин китобҳо ба муассисаҳо дастрас нашудааст. Мушкилии дигаре, ки дар баъзе фанҳои таълимӣ ба назар мерасад, ин мувофиқат накардани номи мавзуи дарсии китоб ба барномаи таълимӣ мебошад.
Муҳиддин Эргашев дар ин бора чунин зикр дошт, ки фикр мекунам, ки омили дуюм ба мушкилии якум вобастагӣ дорад. Китоби нав рӯйи чоп меояд, барнома аз рӯи он нусхабардорӣ мешавад. Аз сабабе ки китоб ба мо дастрас нест, мо наметавонем, мавзуъҳоро мувофиқат кунонем”.
Китоби дарсӣ, баҳонаи омӯзгор – ишораи масъулини маориф Сафармуҳаммад Алимардонов, муовини директори Маркази методии назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон, роҷеъ ба ин масъала изҳор менамояд, ки сабаби дер дастрас гардидан ва ё умуман дастрас нагардидани китобҳои дарсӣ ба муассисаҳои таълимӣ масъулияти бахши китобдорӣ аст. Онҳо ба баъзе хатогиҳо роҳ дода, китобҳоро ба ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ миқдоран нодуруст пешниҳод мекунанд ва ё умуман намекунанд. Ҳамчунин, китоби дарсӣ барои хонанда ва омӯзгор танҳо як воситаи таълим аст.
Ба қавли ӯ, омӯзгори ботаҷриба равиши дарси худро бо такя ба барномаи таълимӣ мегузаронад ва китоби дарсиро ҳамчун сарчашма истифода мебарад, ки дар ин мувофиқат накардани номи мавзуи китоби дарсӣ ба барномаи таълимӣ мутааллиқ нест. Аммо сабаби баъзан маврид мувофиқат накардани номи мавзуъҳои дарсӣ ба барномаҳои таълимӣ дар он аст, ки масъулини табъу нашри китобҳои дарсӣ бо масъулини таҳиякунандаи барномаҳои таълимӣ бо ҳамдигар мувофиқат намекунанд.
“Рӯзномаҳои бозор сифати паст доранд” - Рӯзномаҳое, ки дар нуқтаҳои фурӯши маводҳои конселярӣ фурӯхта мешаванд, аслан ба стандарти таълим дар муассисаҳои таълимӣ ҷавобгӯ нестанд. Саҳифаҳои он пурра нестанд ва хатои имлоӣ дар онҳо зиёд дида мешавад. Ҳамчунин, сифати онҳо нисбатан паст мебошад. Вале падару модар якду сомонӣ фарқияти нархи онро ба назар гирифта, шикоят мекунанд, ки нархи рӯзномаҳои пешниҳоднамудаи Вазорати маориф ва илм баланд аст,- иброз менамояд Сафармуҳаммад Алимардонов.
Аз таҷриба ва мушоҳидаҳо бармеояд, рӯзномаҳое, ки дар нуқтаҳои фурӯш ҳастанд, аз рӯзномаҳои пешниҳоднамудаи Вазорати маориф ва илм қариб, ки тафовут надошта, бесифатии онҳо баҳонае беш нест.
МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳар як падару модар вазифадор аст, ки фарзанди худро дар рӯҳияи инсондӯстию ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намуда, ҳуқуқу манфиатҳои фарзандро ҳимоя намояд. Дар банди 5–и моддаи 8 (уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд)–и қонуни мазкур омадааст: “Фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намояд”. Ҳамчунин, моддаи 9 (уҳдадориҳои падару модар дар таълими фарзанд)-и ин қонун омадааст: “Фарзандро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароити мусоид муҳайё намоянд”.
Вале имрӯз масъалаи дигаре байни ҷомеа бисёр ҳам ба омӯзгорон сахтӣ меорад, ин пурра ба дӯши муаллим партофтани масъулияти таълиму тарбияи толибилмон мебошад. Ҳарчанд фарзанд бештари вақти худро дар назди волидон мегузаронад ва падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд масъул мебошанд, аммо волидон инро нодида гирифта, масъулияти омӯзгоронро даҳчанд “меафзоянд”. Шахсан шоҳиди ҳодисаҳое ҳастем, ки дар вақти фориғ аз дарс, хонанда чӣ гуноҳе мекунад ва шаҳрванд ба хотири он назди омӯзгор омада, “таълиму тарбияи хуб намедиҳед”, мегӯяд. Ҳамчунин, ба ҳамин монанд чанд сол қабл хонандаи мактаб баъди дарс ба саҳро рафта, бо баъзе сабабҳо аз дунё даргузашт. Дар ин миён, боз омӯзгорон ба “бало” гирифтор шуданд. Ин гуна ҳодисаҳо хело зиёд ҳастанд, ки дар натиҷа омӯзгоронро гунаҳкор мекунанд.
КОРШИНОС ЧӢ МЕГӮЯД?
Тавре Нуриддин Қосимзода, рӯзноманигор, иброз дошт, дар сиёсати давлатдории мо самти маорифро соҳаи афзалиятнок медонанд, ки бевосита рушди ин соҳаи муҳим аз самтҳои пешгирифтаи ҳукумату давлат ҳисобида шуда,тамоми пешравиву рушди ҷомеа аз он маншаъ мегирад. Барои рушду такомули соҳаи маориф, ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон якчанд пешниҳод дорем:
*Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон аз рӯи ихтисоси худ фаъолият намоянд.
*Омӯзгоронро нагузоред, ки беҳуда ба корҳои сохтмонӣ ҷалб карда шаванд.
*Нафарони бемаълумотро ба муассисаҳои таълимӣ роҳ надиҳед. *Китобхонаҳои муассисаҳои таълимиро бо китобҳои лозима таъмин намоед.
ЯК НАЗАР БА НИЗОМИ ТАЪЛИМОТИ МАКОТИБИ ОЛӢ
Аз соли 2010 то имрӯз дар донишгоҳҳои олии кишвар низоми кредитии таҳсил ҷорӣ буд, ки барои донишҷӯ имкониятҳои “хуб”-и таҳсилро дошт. Аммо дар нимсолаи дуюми соли хониши 2021-2022 бо сабабҳое, ки гӯё низоми таҳсили кредитӣ донишҷӯро бесавод мекунад, ба ин низом қисман тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки аксарияти донишҷӯён аз он норозигӣ баён мекунанд. Имтиҳонҳои аз курс ба курс гузаштан низ, вобаста ба ихтисос қисман шифоҳӣ карда шуданд. Аз рӯйи мушоҳидаҳо бармеояд, ки аксарияти донишҷӯён саволномаҳои тестиро хуб меомӯзанд, зеро “компютер ришва намегирад”, вале дар имтиҳонҳои шифоҳӣ бепарвогӣ мекунанд. Низоми таҳсили кредитӣ донишҷӯро бесавод мекунад ё низоми таҳсили анъанавӣ коррупсияро меафзояд?
ЧАНД ПЕШ НИҲОД БА ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Чуноне ки дар боло ишора кардем, имрӯз норасоии кадр дар муассисаҳои таълимӣ ва олии касбӣ бештар ба назар мерасад. Бо мақсади пеши роҳи ин мушкилиро гирифтан ва дар оянда коҳиш додани ҳолати мазкур бо такя ва хулосабарорӣ аз суҳбат бо чандин омӯзгорон, пешиниҳодоти худро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳам иброз дошта бошам:
Аввал, ҳадди аққали музди меҳнати омӯзгоронро нисбатан баланд кунанд, зеро бо ин васила омӯзгорони ҷавон ҳавасманд шуда, тарки соҳа намекунанд.
Дуюм, ба хотири ҷалби хатмкунандагон ба касби омӯзгорӣ ва паст намудани дараҷаи норасоии кадр дар соҳаи маориф, Вазорати маориф ва илм ба деҳаҳои дурдасти навоҳӣ миқдори нисбатан зиёди квотаҳои президентӣ пешниҳод намояд.
Сеюм, шароити хуби таълимро дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монанд ва пайваста комиссияҳои санҷишӣ ташкил намоянд (Комиссияҳое, ки аз таҳти дил санҷанд, на ин ки “вақтамон кам аст”, гӯён, саросема раванд).
Чорум, низоми баҳогирии хонандагонро аз чорякӣ гирифта, ба мисли низоми донишгоҳҳо кунанд. Яъне, вақте ки хонанда дар дарс иштирок накунад, як миқдори муайяни баҳояш кам карда шавад. Ҳамчунин, баҳоро барои интизом, сару либос, савод ва иштирок ҷудо намоянд. Бо ин роҳ метавон ба хонанда дуруст баҳо гузошт.
Панҷум, дар байни хонандагони муассисаҳои миёнаи таълимӣ озмунҳо бештар баргузор гардад. Ҳамчунин, олимпиадаҳое, ки ҳамасола аз даври дохилимуассисавӣ сар карда, то давраи ҷумҳуриявӣ меравад, дар байни хонандагони синфҳои 5-8 низ гузаронида шавад. Бо ин роҳ хонанда бештар рӯҳбаланд мегардад.
Шашум, дар муассисаҳои таълимие, ки норасоии кадр дар фанҳои муҳими таълимӣ доранд, тариқи ҳавасмандкунӣ аз дигар муассисаҳои таълимӣ омӯзгор равона карда шавад ва ба хотири тарбия намудани ҳадди аққал як ё ду шогирди худ вазифадор карда шаванд.
Ҳафтум, барои рӯҳбаланд кардан, ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ стипендия таъин карда шавад.
Ҳаштум, барои дастрасӣ ба китобҳои дарсӣ, Вазорати маориф ва илм ярмаркаи фурӯши китобҳоро ба тариқи сайёр пешбинӣ намояд, зеро бо ин роҳ ҳам барои ҷамъ намудани маблағ омӯзгор “даҳмарда” намешаваду ҳам сари вақт соҳиби мол пулашро мегирад.
Нуҳум, барои омӯзишу таҳким бахшидани низоми муносибати босалоҳияти таълим ва дар сатҳи баланд гузаронидани равиши дарсҳо, барои бой шудани таҷрибаи омӯзгорон пайваста семинару тренингҳо ташкил карда шавад.
Даҳум, дар давоми фаъолияти худ, ҳар як омӯзгор вазифадор карда шавад, ки соле ҳадди аққал як шогирд тарбия намуда, ба муассисаҳои олӣ сафарбар намояд.
БА ҶОИ ХОТИМА
Дар шароити кунунӣ проблемаҳои омӯзиш ва таълими дарсҳо дар муассисаҳои миёнаи умумӣ ва олии касбӣ бештар ба назар мерасанд. Зеро мо ҳоло дар ҷараёни инкишофи илму маориф қарор дорем. Бо пешниҳодоти дараҷаи олии олимону мутафаккирон ва дар амал татбиқ намудани он, дар оянда раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дараҷаи аъло хоҳад расид.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...