СИТОДИ БАЙНИИДОРАВӢ ХАБАР МЕДИҲАД: Фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили террористӣ дар қаламрави ВМКБ ба пуррагӣ қатъ карда шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 июн, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 696
Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ расман эълон медорад, ки фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили террористӣ дар қаламрави вилоят ба пуррагӣ қатъ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Ситоди мазкур хабар доданд.
Дар хабари Ситод, аз ҷумла чунин омадааст:
«Вазъи тағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири хатарзои рақобати кишварҳои абарқудрат сабабгори сар задани бозиҳои геополитикӣ ва низоъҳои сиёсӣ дар рӯй замин гардидааст.
Ин рақобат ва даргириҳои шадид миллионҳо инсонро ба фақру қашшоқӣ ва бесарнавиштӣ гирифтор намуда, шаҳрҳои ободу пешрафта ва кишварҳои дар ҳоли рушдро ба мушкилоти ҷиддии иқтисодию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ намудаст.
Расидан ба қадри неъмати осоиштагӣ, суботи комили сиёсӣ ва ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳи кишвар қарзи имонию виҷдонӣ маҳсуб мегардад.
Ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, соҳибихтиёрӣ, якпорчагии Ватани азизамон ҳадафи аслии тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистони азиз ба ҳисоб меравад.
Рӯйдодҳои охири моҳи майи соли ҷорӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон ба вуқўъ пайваст, пешакӣ тарҳрезӣ шуда, доираҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ мехостанд вазъияти амниятии вилоятро ба ҳам зада, мардуми онро сарсону овора созанд.
Алоқамандӣ бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба рушду суботи давлат, ҷомеа, соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар, ба мафкура ва маънавиёти насли ҷавон хатари ҷиддӣ дорад.
Таърихи 30 солаи вазъи умумии маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ собит намуд, ки саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъа борҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин бахшида мешуданд, вале онҳо ба худ хулосаи даркорӣ набароварда, амалҳои нангинашонро идома мебахшиданд.
Ҳар як амали гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба иқтисодиёт ва сатҳи некуаҳволии сокинони Бадахшон зарари ҷиддии молиявӣ, ахлоқӣ, руҳӣ-равонӣ расонида, рушди вилоятро ба даҳсолаҳо қафо мепартояд. Аз рӯйи ҳисобҳои пешакӣ танҳо дар панҷ соли охир ин зарари иқтисодӣ ба 96 млн. сомонӣ мерасад.
Дар натиҷаи фаъолияти муассир ва ҳадафманди Ситоди байниидораваии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар вилояти Бадахшон ба амалкарди ғайриқонунӣ ва зиддидавлатии саркардаҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Хоруғ, Роштқалъа ва Рӯшон пурра хотима бахшида шуд.
Зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамоҳангӣ ва робитаи зич бо сокинон ҳама 12 саркардаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дастгир, аз озодӣ маҳрум ва роҳбарони гурӯҳҳои оштинопазир, ки муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, нобуд карда шуданд.
Дар натиҷаи фаъолияти танҳо як моҳи охири Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Бадахшон, аз даҳ гурӯҳи ҷиноятӣ-террористии вилоят 16 адад пулемёти “Калашников”, 114 адад автомати “Калашников”, 4 адад силоҳи мерганӣ (СВД), 28 адад таппончаи тамғаи «Макаров», 1 адад таппончаи «ТТ», 2 адад тапончаи травматикӣ, 9 адад гранатомёт, 101 адад тири гранатомёт бо 6 адад заряд, 4 адад заряди РПГ, 22 адад гулулаи «ГРАД”, 2 адад миномёт, 19 адад гулулаи миномёт, 2 адад гулулаи гранатомёти зиддитанкӣ, 88 адад норинчаки дастӣ, 46 адад запали норинҷак, 2 адад “Карабин”, 64 адад силоҳи шикорӣ, 12 адад тарконаки барқӣ, 200 килограм таҷҳизоти тарканда, 22 ҳазору 718 адад тири гуногунқутр, 1 адад лентаи пулемёти “Калашников”, 1 адад тири ДШК, 330 адад тирдони АК ва таппонча, 5 кг 420 гр маводи таркандаи амонал, 2 адад сарпуши қути мили автомат, 5 адад дасгоҳи баркдиҳанда, 159 адад тири ВОГ-25, 15 адад найзакорд, 11 адад пенал, 12 дона минаи зиддипиёдагард, 29 кг хокаи алюминӣ барои омода намудани маводи тарканда, 11 кг 635 грамм тратил, 11 ҳазору 221 дона патрони гуногунқутр, 1 адад дастгоҳи оптикии банишонгириии тамғаи «Combat», 3 адад дастгоҳи дурбини тамғаи «Olympus» ва «Newcon», 245 адад маводи таркандаи худсохти “Коктейл Молотова”, 29 адад мухобира, 13 адад заряддиҳандаи алоқаи ратсия, 16 адад батареяи алоқаи мухобира, 11 адад радиостансия, 12 адад телефони моҳворавии «Сурайё», 2 адад қутии оҳанини «ПК», 12 адад ҷузвдони ҳарбӣ, 4 адад ҷузвдони снаряд, 21 адад камзули ҳарбӣ, 1 адад пояи Бусол, 200 кг маводи мухаддири навъи «афюни афғонӣ» мусодира карда шуд.
Дар рафти амалиёти махсус дар умум 220 нафар боздошт, нисбат ба 53 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид ва 16 нафар, ки муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, нобуд карда шуданд.
Дар идомаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ пойгоҳи ҷиноятӣ-молиявии ГМҶ пурра аз байн бурда шуда, аз аъзоён ва саркардагони ГМҶ 39 воситаи нақлиёти гуногунтамғаи “Нисан”, “Лексус”, “Ранҷровер”, “Тойота кемри”, “Мерседес”, “БМВ” ва дигар мошини гаронарзиши сабукрав ва боркаши хориҷӣ мусодира карда шуд.
Масъалаи мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятӣ-террористӣ дар воқеъ мубориза барои наҷоти ҳувият, ҳифзи асолати давлатдорӣ ва ояндаи ҳар як миллат ба ҳисоб меравад.
Ҳаракату созмонҳои террористӣ, аз хатару таҳдидҳои муосир барои ҳифзи асолати миллӣ маҳсуб гардида, барои дурнамо ва рушди бомароми давлатдории муосири тоҷик монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд. Муомила, истифода, қочоқи силоҳ ва маводи нашъадор, ҷузъи фаъолияти зиддидавлатии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ дар муддати сӣ сол буд.
Ба муқобили амалиёти зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ алайҳи дастаҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки муддати сӣ сол вазъи вилоятро ноором мекарданд, ба тарҳрезӣ ва татбиқи амалиёти муназзами террористӣ, қатлу куштор, ва бетартибиҳои оммавӣ даст мезаданд, имрӯзҳо баъзе аз ашхоси кӯтаҳназари ҷонибдори ҷинояткорҳо аз дуру наздик, ниҳоят бешармона, дурӯғбофӣ мекунанд, ба сохторҳои қудратӣ, ки рисолати таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятиро ба уҳда доранд, туҳмату буҳтонҳои беасос мезананд.
Гузориши ҷамъбастии муомилаи қочоқи маводи мухаддир ва анбӯҳи силоҳу муҳимотро, ки аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Хоруғ ҷамъоварӣ ва барои ҷанги комилҳуқуқ истифода мешуданд, бихонед. Қазоват кунед, хулосагирӣ намоед.
Аҳолӣ бояд бидонад, ки ана ҳамин ҳалқаҳои ҷиноятпеша худро ҳомии ашаддии дину мазҳаб ва ба ном манфиати халқ мегирифтанд, сокинони содалавҳро ба доми фиреби худ афтонида, ҳамчун абзори амалисозии ғаразҳои шахсии худ истифода мекарданд. Маҳз ҳамин саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор дину мазҳабро сипар намуда, дар сояи он сармояи калони моливу пулиро, ки аз тариқи содир кардани садҳо ҷиноят ба даст омада буданд, пинҳон мекарданд.
Мардумро ба бетартибиҳои оммавӣ ва муқовимат бо ниҳодҳои давлатӣ таҳрик мекарданд. Ҷавононро гумроҳ менамуданд ва дар ҷомеа муҳити бадбиниро эчод мекарданд.
Ҳамин тариқ, Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар вилояти Бадахшон расман эълон медорад, ки фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили террористӣ дар қаламрави вилояти Бадахшон ба пуррагӣ қатъ карда шуд.
Бояд таъкид сохт, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат иқтидори комил доранд, ки нисбат ба ҳар як зуҳуроти номатлуби халалдор кардани низоми давлатдорӣ махсусан амалкардҳои террористӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ муборизаи саривақтӣ ва беамон баранд».
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...