Идомаи корҳои барқарорсозӣ дар ҶДММ “Фаровон-Қӯрғонтеппа”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 811
Корҳои барқарорсозии қисматҳои дар натиҷаи сӯхтори шаби 1 ба 2 июн зарардидаи ҶДММ “Фаровон-Қӯрғонтеппа”-и шаҳри Бохтар идома дошта, масъулин кӯшиш доранд, ки онро ҳарчи зудтар ба итмом расонида, дар ихтиёри соҳибкорон қарор диҳанд. Ба хотири тезонидани суръати корҳои сохтмонӣ 300 сохтмончӣ ва 20 техникаи зарурӣ ҷалб шудааст.
Бино ба иттилои Ҳайдаралӣ Шерхонзода, сардори ҶДММ “Фаровон - Қӯрғонтеппа”, тамоми корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби соҳибмулк, яъне бозор сурат гирифта истодааст, ки дар кори он ширкатҳои “Рушди Хатлон”, “Исмоили Сомонӣ - асри 21” ва бозори “Ҳоҷӣ Шариф” кумак расонида истодаанд.
Ҳ. Шерхонзода афзуд, ки дар ҳудуди бозор ду иморати замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯз сохта мешавад, ки яке 3 ва дигаре 4-ошёна хоҳанд буд. “Дар таҳхонаи бозор ҳавзҳои обғундорӣ низ ташкил мешаванд. Барои соҳибкорону фурӯшандаҳои бозор шароити хуб муҳайё карда мешавад”,- гуфт ӯ.
Тибқи маълумоти сардори шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Бохтар Валӣ Бегиҷонзода, сабаби сар задани сӯхтор суст будани пайвасти ноқилҳои барқӣ ва кабелҳои барқӣ дар дохили ошхонаи хусусии “Ганҷина-3” муайян карда шудааст. Бино ба гуфтаи сардори ҶДММ “Фаровон-Қӯрғонтеппа”, зарари расонидаи сӯхтор 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бароварда шудааст, ки аз ин 44%-аш ба соҳибмулк ва 56%-и дигараш ба соҳибкорон рост меояд.
Ҳамчунин, дар сӯхтори шаби 1-уми июн 90 дарсади бадани соҳибкор Маҳмад Сафаров сӯхта буд, ки баъдан дар Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар вафот кард.
http://khatlon-ruznoma.tj/