М.Каримов: “Кишоварзӣ беҳтар аз муҳоҷират аст”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 785
Маҳмадҳомид Каримов 10 сол мешавад, ки ба Федератсияи Россия барои кор кардан намеравад. Бо фарзандонаш, пас аз маблағи муайяне ба даст овардан ба зодгоҳи хеш - ноҳияи Кӯшониён баргашта, дар хоҷагии деҳқонии худ - “Давлатҷон” боғи дарахти сиёҳолуи навъи “Ғалаба” бунёд кард. Ҳоло дарахтони шинонидаи онҳо меваҳои тару тоза ба бор оварда, дар бозорҳои дохилу хориҷ харидорони зиёди худро дорад.
-Нахуст, ҳамроҳи фарзандам дар Россия кор мекардем. Азоби муҳоҷиратро дида, тасмим гирифтем, ки дар ватани худ ба коре машғул шавем. Аз ин хотир, хоҷагии деҳқонии “Давлатҷон”-ро таъсис додем. Дар ин заминҳо қариб ҳама намуди дарахтони мева ҳастанд. Шохҳои дарахтон аз сербори ба замин мерасанд. Алҳол зиндагии мо аз ҳамин ҳисоб пеш меравад,-мегӯяд Маҳмадҳомид.
Замини хоҷагии деҳқонӣ аз 8 гектар иборат буда, қисме аз онро боғ ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Маҳмадҳомид, имсол аз майдони 2 гектар замини боғ 40 тонна олуи хушсифат рӯёнидааст, ки ин нишондиҳандаи хуб мебошад. Бо ба роҳ мондани парвариши дурусти боғзор аз ҳар як дарахт то 150-200 килограмм мева ҳосил мегиранд.
Аллакай моҳи гузашта хоҷагии деҳқонии мазкур ба ҷамъоварии ҳосил машғул шуда, беш аз 37 тонна меваи боғро ба Россия содирот карданд.
Ба гуфтаи роҳбари хоҷагии деҳқонии “Давлатҷон”, солҳои қаблӣ заминҳои ин мавзеъ бинобар норасоии оби полезӣ бекор хобидаву аз гардиши кишоварзӣ дур монда буданд. Бо маслиҳату тавсияҳои мутахассисони соҳа дар навбати аввал боғи сиёҳолуи навъи “Ғалаба” бунёд карданд. Дар натиҷаи дуруст риоя кардани парвариши ниҳолон, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардиданд.
Хоҷагидорон давоми чанд сол мешавад, ки аз ин боғ ҳосили фаровону аълосифати олу ба даст оварда, қисмати асосии онро содирот менамоянд. Тавре бобои Маҳмадҳомид мегӯяд, харидорони меваҳои ӯ асосан аз Федератсияи Россия мебошанд. Аз лиҳози хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза будани маҳсулот ҳар сол аз хориҷи кишвар барои харидорӣ кардани дигар намуди маҳсулоти ӯ ба вилояти Хатлон меоянд.
Вилояти Хатлон калонтарин истеҳсолкунанда ва содироткунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ва полезӣ ба ҳисоб меравад. Солҳои охир ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва мевагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гашта, хоҷагидорону кишоварзон барои боз ҳам дучанд истеҳсол кардани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза заҳмати шабонарӯзӣ мекашанд.
Хоҷагии деҳқонии “Бобои Соҳибхон” дар ноҳияи Вахш ҷиҳати таъмин намудани аҳолӣ бо сабзавоти хушсифат хизмат мерасонад. Хоҷагии деҳқонии мазкур аз 27 гектар иборат мебошад.
Бо роҳбарии Баҳром Саидов дар хоҷагии мазкур кишти картошка дар майдони 3 гектар, як гектар гандум, 3 гектар бодиринг ва боқимонда кишти пахта ба роҳ монда шудааст. Дар ин заминҳо беш аз 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин гардидаанд.
-Имсол ҳосили кишти мо хеле хуб мебошад. Аллакай майдони 3 гектар кишти картошкаро ҷамъоварӣ карда, ба бозор баровардаем. Тибқи нақша баъди ҷамъоварии картошка, дар ин замин кишти шолиро ба роҳ мемонем,- гуфт дар суҳбат Хӯҷамурод Рӯзиқулов, намояндаи хоҷагии деҳқонии “Бобои Соҳибхон”.
Бо дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар самти амалигардонии ҳадафҳои дарпешгузошта деҳқонони вилоят, аз ҷумла ноҳияи Вахш, дар таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ бо сабзавоту меваҷот нақши бориз доранд.
Тибқи иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Вахш Қаюм Ҳалимов, дар ноҳия 15 ҳазору 701 гектар замини корами обӣ дар бахши ҷамъиятӣ мавҷуд мебошад. Ҳамаи заминҳо кишт гардида, аллакай дар қисме аз онҳо кишти такрорӣ ба роҳ монда шудааст.
Тавре ба мо хабар доданд, аз майдони 15 ҳазору 701 гектар замин 2000 гектарро гандум, 1402 гектар пахта, 1300 гектар беда, 1000 гектар кишти полезӣ ва боқимондаро дигар намуди маҳсулот ташкил медиҳад. -Деҳқонони ноҳияи Вахш заминҳои корами обиро самаранок истифода мебаранд. Деҳқонон дар як сол то 3 маротиба кишт карда, ҳосили хубро ба даст меоранд. Нисбат ба соли гузашта кишти баҳорӣ натиҷаи хубро ба бор овард, ки мо аз ин хурсандем,-изҳор дошт Қаюм Ҳалимов.
Бо назардошти талаботи бозори дохилию хориҷӣ ба маводи ғизоии аз лиҳози экологӣ тоза, аҳли заҳмати ноҳияи Вахш имрӯзҳо баҳри сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили пухтарасидаи маҳсулот талош намуда, ният доранд, ки дар майдонҳои холигашта кишти такрории зироатҳоро ба роҳ монанд.
Айни замон ҳамарӯза аз ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён садҳо тонна меваҷоту сабзавот, картошка, полезиҳо ва дигар номгӯи маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба дигар минтақаҳои кишвар ва хориҷ аз он содирот мегардад, ки аз ин ҳисоб сокинон даромади хуб ба даст оварда, шароити зиндагии худро беҳтар мекунанд.
Солҳои охир бо пеш омадани хатари буҳрони иқтисодӣ дар тамоми ҷаҳон моро зарур аст, ки ҳар як ваҷаб заминро босамар истифода барем. Хатлон, ки вилояти аграрӣ-саноатӣ ба ҳисоб меравад, имкониятҳои хуби истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дорад. Аз ин рӯ, тамоми сокинони вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати ба камчинии озуқа рӯ ба рӯ нашудан аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурда, баҳри афзун намудани ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм бигиранд.
Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...