То охири ҳафта дар Тоҷикистон 40 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Чӣ тавр саломатиро аз таъсири гармӣ ҳифз кардан мумкин аст?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 015
Ҳавошиносон мегӯянд, то охири ҳафта дар водии кишвар то 40 дараҷа гарм шудани ҳарорат дар назар аст. Гармтарин ҳаво дар вилояти Хатлон хоҳад буд.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо то 40 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо то 33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ҳарорати ҳаво шабона 19-21 ва рӯзона 37-40 дараҷа гарм мешавад.
Чӣ тавр ба гармӣ тоб овардан мумкин аст?
Чанд маслиҳати одӣ, ки ба шумо аз ҳавои гарм кӯмак мерасонанд.
- Дар рӯзҳои гарм дар як рӯз на камтар аз 2 то 2,5 литр моеъро бо ҷуръаи хурдхурд нӯшед.
- Ба ғайр аз оби одӣ, шумо метавонед нӯшокиҳои хунук ва шарбати меваҳои тару тоза бинӯшед, зеро онҳо ташнагии шуморо ба таври комил мешикананд.
- Инчунин, дар бораи меваю буттамева, ки моеъи зиёд доранд, фаромӯш накунед.
- Ҳангоми аз хона баромадан ҳатман зарфҳои хурди обро бо худ гиред.
- Агар имконпазир бошад, дар як рӯз чанд маротиба бо оби ҳарорати хонагӣ душ гиред.
Саҳару шом - души контрастӣ барои беҳтар кардани табодули гармӣ ва нигоҳ доштани энергия ва неруи корӣ барои тамоми рӯз мусоидат мекунад.
- Дар гармо беҳтар аст, ки дар дохили хона бимонед ва беҳуда аз соати 12.00 то 17.00 - дар авҷи гармӣ берун наравед.
- Пӯсти худро ҳамеша аз нурҳои офтоб муҳофизат кунед, зеро он метавонад боиси пигментатсия ва аллергия гардад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...