Чакан - зеби хонадони ман
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 904
Чакан як навъи ҳунари мардумӣ мебошад, ки таърихи ниҳоят қадима дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Боиси сарфарозист, ки баъди ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ҷаҳон шомил шудани чакан талабот ба кашидадӯзӣ афзуд.
Шамъигул Эмомалиева зани ҳунармандест, ки бо нӯги сӯзан ва заҳмати беандоза дар рӯи матоъ нақши оламгири чаканро меофарад. Ин модари ҳунарманд 58 сол дорад ва солиёни зиёд дар рӯйи матоъ нақшҳои зебову диданӣ меофарад.
-Ман нозукиҳои касби гулдӯзиро аз модарам омӯхтаам. Он кас 75-сола бошанд ҳам, бо дасту дили гарм ва бо қувваи хастанопазир ба ҳунарҳои мардумӣ шавқ доранд. Ман бо духтаронам кашидадӯзӣ мекунем. Модарам гулдӯзии моро ороиш медиҳад, кокул мебофад ва поёни кокулҳоро бо муҳраҳо ороиш медиҳад, - мегӯяд, апаи Шамъигул.
Чакандӯзи чирадаст дар ҶДММ бозори “Ҳоҷи Шариф” маҳсули дасти худро ба фурӯш гузоштааст. Вақте ки мо аз маҳсули дастони ин модари ҳунарманд дидан намудем, ғайр аз чакан дигар кашидадӯзиҳо, аз қабили болишт, миёнбанд, болопӯши гаҳвора, чодар, пешдоманҳои бо нақшҳои миллӣ ороёфтаро дидем, ки бисёр зебо буданд.
-Асосан дар кашидадӯзӣ ду навъи гулро истифода мебаранд: гули зинда ва гули мурда. Мо ба завқ ва салиқаи мизоҷонамон, ки аз минтақаҳои гуногуни кишварамонанд гулдӯзӣ омода мекунем. Масалан, мизоҷонамон аз минтақаи Рашт гулдӯзиеро, ки дар шакли ромб ва бо рангҳои омехта дӯхта мешавад, талаб ва харидорӣ менамоянд. Мардуми минтақаи Бохтар бошад, аз косагулҳои нисбатан хурд ва бо гулҳои садбаргмонанд омезишёфта истифода менамоянд. Дар минтақаи Кӯлоб ва атрофи он аз косагулҳои нисбатан калон истифода мекунанд,-афзуд апаи Шамъигул.
Фарида Баротова , «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...