Содироти 4000 тонна маҳсулот
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 671
Иҷрои нақшаи қисми даромади андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ дар вилояти Хатлон дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 101 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 103 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бақияпулиҳои андоз бошад, ба ҳолати якуми апрели соли ҷорӣ 179,6 миллион сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба аввали сол 3,2 миллион сомонӣ кам гардидааст.
Дар ин давра бонкҳои тиҷоратии вилоят бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ 717,5 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намудаанд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 20,3 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти рушди содироти маҳсулот аз вилоят бо амри раиси вилоят ситоди корӣ фаъолият намуда, дар ин самт кор бурда истодаанд.
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилоят, то 12-уми майи соли равон аз ҳудуди вилоят 4 ҳазор тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла 914 тонна сабзӣ, 240 тонна пиёз, 736 тонна лаблабу, 668 тонна зардолу ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/