Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 1 243
Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем,
Пайравони Пешвои миллатем.
Ин аст, шиори ҳар як ҷавони бедордили тоҷик, ки бо ҳисси баланди ифтихори ватандорӣ баён медорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон на танҳо номи худро дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт намуданд, балки бо ташаббусҳои наҷиб, дастгириҳои пайвастаашон аз насли ояндасози миллат маҳбуби қалби ҷавонон гаштаанд.
Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намуданд. Таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президнети Ҷумҳурии Тоҷикистон, грантҳои президентӣ барои татбиқи лоиҳаҳои мухталифи ҷавонони эҷодкору лаёқатманд, қабули қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ дар самти рушди ҷавонон, квотаҳо ва стипендияҳои президентӣ, дастгирии мутахассисони ҷавони боистеъдод ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби онон аз ҷумлаи ташаббусҳое мебошанд, ки баёнгари таваҷҷуҳи хоси Сарвари мамлакат ба ин қишри ҷомеа ҳастанд.
Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали Президенти мамлакат интихоб шуданашон дар доираи фаъолияти худ ба ҷавонон такя намуданд ва ҳамеша изҳор мекунанд, ки ба насли ҷавон ва ояндасоз эътимод доранд ва ҳар як ташаббуси созандаи онҳоро дастгирӣ менамоянд. “Мо ҷавононро ба сифати як неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навин эътироф менамоем. Онҳо бояд аз файзи Истиқлолият бештар баҳра гиранд, ба қадри озодиву соҳибистиқлолӣ расанд ва онро чун неъмати бебаҳо ҳифзу ҳимоя намоянд”, - гуфтааст Президенти мамлакат дар китоби арзишманди худ “Уфуқҳои истиқлол”.
Чаро мо - ҷавонон Пешвои ҷавонпарвари миллатро идеали худ меҳисобем? Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоди ҷавонмардию ватанпарастист, меъмори ваҳдату кафили суботу амният аст. Бо ҳар ташаббусаш, ибрати шахсиаш, пиндору гуфтораш ба мо –ҷавонон сабақи инсонгароӣ, ватандорӣ, хештаншиносӣ медиҳад.
Сардори давлат ҷавононро захираи миллат ва ояндаи давлат номида, дар пешбурди корҳои ободониву созандагӣ ба неруи ҷавонон такя мекунанд, барои таълиму тарбияи сазовори онҳо, рушди шахсӣ, омӯзиши илмҳои муосир ва татбиқи ташаббусҳои ҷавонон ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Ташкил ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – ватани азизи ман” “Илм – фурӯғи маърифат”, эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (2020-2040) аз ҷумлаи ташаббусҳои беназири Пешвои миллат аст, ки ҳар кадомашон барои рушди зеҳнӣ ва сайқали маҳорати ҷавонону наврасон нақши арзишманд гузоштаанд.
Аз ин ҷост, ки ҷавонони тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон як шахсияти мондагори миллӣ, бунёдкор, суботофар, пуштибон, роҳнамо ва пешоҳангро мебинанд. Пешвои миллат ҳамеша ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо мусоидат мекунанд. Дар баробари ин, мо набояд фаромӯш созем, ки ба қавли устод Лоиқ:
Ҷавонему ҷавонему ҷавонем,
Беҳин меросдорони замонем.
Мо – ҷавононро мебояд пайрави воқеии Пешвои муаззами миллат буданамонро бо рафтору кирдори муносиби худ собит созем, қишри аз ҳама фаъоли ҷомеа бошем, ташаббусҳои наву созанда пешниҳод кунем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, фарҳанг, забон ва арзишҳои миллию давлатдориро ҳифз намоем, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвари азизамон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзем, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир огоҳ бошем ва худро аз ҳама хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дорем. Пешвои миллат ҳам дар ин маврид таъкид медоранд: “Ватандӯстии ҷавонон дар шароити кунунӣ аҳамияти хос касб карда, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки ба омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар машғул шавад, таърихи халқи худро аз бар намояд, Ватанашро чун ҷон дӯст дорад, арзишу суннатҳои фарҳангиро эҳтиром кунад ва худогоҳу худшинос бошад”.
Мо – ҷавонон бо Пешвои миллатамон ифтихор мекунем. Эҳтироми бузург, қадрдонӣ ва мояи ифтихор донистани ин нобиғаи сиёсат аз тарафи халқ нишонаи Пешвои муаззами миллат будани Эмомалӣ Раҳмон аст, ки хизматҳои барҷастааш дар саҳифаҳои таърихи миллату кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд.
Аз ин рӯ, ҳамсолони худро даъват мекунам:
Ҷавонони Ватан, бо ҳам биёем!
Суруди ишқро бо ҳам сароем!
Мисоли Пешвои миллати хеш,
Дари дил пеши фардо во намоем!
Раҳмонҷон МАЪМУРЗОДА,
хонандаи литсейи давлатии
«Ориёно»-и шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...