Нақши ҳокимияти судӣ дар пойдории оила
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 127
Оила яке аз муҳимтарин узви ҷудонопазири ҷомеа мебошад. Вазифаи оила, пеш аз ҳама, муносибати хуб миёни волидайн, тарбияи дурусти фарзандон, ба таҳсил фаро гирифтани онҳо мебошад.
Чуноне дар моддаи якуми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, заминаҳои асосии қонунҳои оиларо оила, никоҳ, модар, падар ва кӯдак, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор дорад, танзим мекунад.
Бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи меҳру муҳаббат, эҳтироми якдигар, кумаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдадориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад. (Кодекси оила, моддаи 1, банди 2).
Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон қайд мекунанд, оила муқаддас буда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назди ҳар як падару модар вазифае мегузорад, ки фарзандони онҳо дар оила солим ва ҷисман такомулёфта бошанду меҳнатро дӯст доранд, илму дониш омӯзанд ва ба давлату миллат нафъи худро гузоранд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардидани оиларо вазифаҳои аввалинраҷа ҳисобида, барои пойдор ва солим будани он тамоми имкониятҳоро ба кор мебарад. Дар ин росто нақши ҳокимияти судӣ низ калидӣ ба ҳисоб рафта, асоси принсипи он нигоҳ доштани адолати иҷтимоӣ, мустаҳкам кардани волоияти қонун мебошад.
Мо-аҳли кормандони ҳокимияти судӣ бо пайравӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаи худ иброз доштанд: “...мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд”, кору фаъолият менамоем.
Хусрав ХОЛДОРЗОДА,
судяи Суди вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...