Ҳамадонӣ. Ваъдаҳои раисӣ иҷро шуда истодаанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 119
Роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2022 татбиқи садҳо нақша ва ташаббусҳои навинро ба нақша гирифтаанд. Бо мақсади огоҳ намудани мардуми шарифи шаҳру навоҳии вилоят аз ин иқдомҳо гӯшаи «Ваъдаҳои раисӣ»-ро ҳайати эҷодии рӯзнома таҳия намуд. Ин гӯша аз рӯйи маълумоти раисон ва масъулини дастгоҳи раисони шаҳру навоҳӣ омода гардида, он дар шумораи солинавӣ (№1, аз 01.01.2022) ба табъ расида буд.
Инак, чор моҳ сипарӣ гардид. Ваъдаҳои раисони шаҳру ноҳияҳо чӣ тавр иҷро шуда истодаанд?
Барои огоҳӣ ёфтан аз рафти иҷрои ваъдаҳои додаи роҳбарони аввали шаҳру ноҳияҳо ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафари хизматӣ доштем. Зимни боздид аз рафти иҷрои ваъдаҳо маълум гардид, ки раиси ноҳияи Мир Сйид Алии Ҳамадонӣ Бозоралӣ Одиназода аз пайи иҷрои онҳо мебошад. Ӯ дар ваъдаҳои додаи худ гуфта буд, ки ба сокинони ноҳия бинои нави таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 сохта мешавад.
Айни ҳол дар ин муассиса корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, дар арафаи соли нави хониш ба истифода дода мешавад. Бояд гуфт, ки муассисаи таълимӣ дорои 11 синфхона барои 528 нафар дар ду баст сохта шуда истодааст. Маблағи умумии сохтмони муассисаи мазкур 1 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар синфхонаҳои куҳна ҳоло 360 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Муассисаи мазкур то синфи 9 мебошад. Хонандагон баъди хатми синфи 9-ум ба муассисаи таълимии деҳаи ба номи Сафар Гадоӣ, тақрибан 3-4 километрро тай карда мераванд.
-Хонандагони мо баъди хатми синфи 9-ум ба мактаби деҳаи дигар мераванд, ки ин ба онҳо душвориҳо пеш меорад. Дар фасли сармо бошад, сагҳои дайду зиёд мешаванд ва ба кӯдакон ҳамла карда, зарар мерасонанд. Падару модарон аз дурии роҳи хона то мактаб ба духтарони худ иҷозат намедиҳанд, ки синфи 10-11-ро хонанд. Ба мо гуфтанд, ки муассисаро ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил медиҳанд. Умед дорем, ки баъди ин шогирдони мо аз таҳсил дур намемонанд, -мегӯяд омӯзгори муассиса А. Ҳотамов.
- Дар муассиса омӯзгорони фанҳои химия, биология, физика, забони русӣ намерасанд. Мо-омӯзгорон умед бар он мебандем, ки бо сохта шудани муассисаи нав норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқ низ роҳи ҳалли худро пайдо мекунад, - илова намуд А. Ҳотамов, омӯзгори муассисаи номбурда.
Ваъдаи дигари раиси ноҳия сохтани гармхонаи доимоамалкунанда дар масоҳати 2 гектар мебошад, ки сохтмони он дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Айни ҳол дар қисме аз гармхона парвариши помидор ва намуди дигари зироатҳо ҷараён дорад. Дар гармхона парвариши дарахтони ситрусӣ низ дар ҳолати хуб мебошанд.
Барои нигоҳдории меваи боғу токзори ҶДММ «ТОҶ АГРО» бунёди сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ин ҳама далели иҷрои ваъдаҳои раисӣ мебошад.
Набиҷони САИДАБРОР, Бохтар-Ҳамадонӣ-Бохтар