Сару либоси мактабӣ он дар кадом шакл дастрас мегардад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 1 380
Бо сару либоси ягонаи мактабӣ таъмин гардидани хонандагон яке аз масъалаҳои мубрами рӯз маҳсуб меёбад. Бахусус, сифати сару либоси ягонаи мактабӣ, ки аз тарафи корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мегардад, аз мавзӯъҳои баҳсангез буда, вобаста ба он андешаҳои гуногун ҷой дорад.
Ба иттилои масъулини Раёсати маорифи вилояти Хатлон, ҳамасола бо ба инобат гирифтани 50 фоизи хонандагон нақшаи таъминоти сару либоси ягонаи мактабӣ тарҳрезӣ карда мешавад. Аксаран барои корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ имконият фароҳам оварда мешавад, ки сару либоси мактабиро бо сифати баланд омода ва пешниҳод намоянд. Либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ дар соли хониши 2022-2023 барои беш аз 17 ҳазору 460 адад либоси мактабӣ ба нақша гирифта шудааст ва ҳоло дар шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои бастани шартнома омодагиҳо рафта истодааст.
Коршиносон бар он назаранд, ки яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани норозигии бархе аз волидон аз маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои ватанӣ дар он аст, ки на ҳамаи онҳо мутобиқ ба талаботи замон ва сифати баланд истеҳсол карда метавонанд.
Ҳамзамон, корхонаҳои пуриқтидор ва истеҳсолкунандаи сифати баланди маҳсулот амал мекунанд, ки харидорони зиёдтар доранд. Аммо, чунин корхонаҳои калон ангуштшумор мебошанд. Корхонаҳои хурди дӯзандагие, ки истеҳсоли сару либосашон ба талабот ҷавобгӯ нест, боиси норозигии волидон ва сабаби баҳогузории нодуруст кардани истеҳсолкунандагони корхонаҳои ватанӣ мешаванд. Вале, омили асосии дастгирии корхонаҳои ватанӣ дар он аст, ки тавлиди либоси мактабӣ дар чунин корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ ҳар як шаҳру ноҳия васеъ ба роҳ монда шуда, онҳо хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи худро бо сару либоси ягонаи мактабии ҷавобгӯ ба талаботи рӯз таъмин карда тавонанд.
Тибқи иттилои манбаъ, муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон аксаран бо корхонаҳои саноатии истеҳсолкунандаи либоси ягонаи мактабӣ, ба монанди ҶДММ “Кота Глобал”, “Дарзи Бохтар”, “Бунёди ганҷи ”, “ҶСК “Бофандаи Норак”, ҶСК “Бонувон”, соҳибкорони инфиродӣ, “Ваҳдат Текстайл”, ҶДММ “Само и К”, КД “КВД - Зотпарварӣ”, КД “Умар саноат”, ҶДММ “Алишер АСК”, КД “Равонбахш” ва ғайра, ки қисман дар ҳудуди вилоят ва қисмати дигаре берун аз вилояти Хатлон мебошанд, солҳои охир шартномаи ҳамкорӣ баста истодаанд. Имсол низ аллакай барои бастани шартнома омодагӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ рафта истодааст.
Директори муассисаи таълимии №6-и шаҳри Бохтар Маҳмадалӣ Сафарализода изҳор дошт, ки корхонаи истеҳсолкунандаи либоси ягонаи мактабиро кумитаи падару модарони муассисаи таълимӣ интихоб мекунанд ва барои бастани шартномаи ҳамкорӣ мусоидат менамоянд. Зеро, харидори асосии либоси мактабӣ худи падару модарон мебошанд, бояд либоси пешниҳодшаванда мувофиқ ба талабот ва рағбати онҳо бошад. Дар ҳақиқат, баъзе аз соҳибкорони инфиродие ҳастанд, ки қадамҳои аввали фаъолияташон мебошад ва сифати маҳсулоташон пурра ҷавобгӯ нест, мо дар мувофиқа бо волидони толибилмон қабул намекунем. Яъне, бояд либоси пешниҳодшавандаи хонандагони мо босифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯз, инчунин нархи дастрас бошад. Дар ин миён ҳамасола ба корхонаҳои мазкур барои кумак ва ройгон дастрас намудани қисме аз либосҳои мактабӣ ба хонандагони ниёзмандро дархост мекунем. Масалан, соли гузашта дар чунин шакл чанде аз хонандагони ниёзмандро бо тахфиф ва ё ройгон бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намудем.
Ҳамралии Ҳайдаралӣ, сокини шаҳри Бохтар, ки фарзандонаш дар муассисаи таълимӣ таҳсил мекунанд, гуфт, ки талаби асосии мо босифатии либоси мактабӣ ва нархи дастраси он мебошад. Зеро, баъзан оилаҳое ҳастанд, ки имконияти маҳдуди иқтисодӣ доранд ва ҳамасола харидорӣ намудани либоси мактабиро надоранд. Агар либос босифат бошад, онро чанд сол истифода кардан мумкин мебошад. Имсол низ мо аз муассисаи таълимӣ либосро харидорӣ карданӣ ҳастем, вале дар бастани шартнома ва харидории либос чун ҳамешагӣ талаботи худро пеш мегузорем.
Коршиносон пешниҳод мекунанд, ки барои аз байн бурдани мушкилоти бесифатии либосҳои ягонаи мактабӣ ва нархи гарони онҳо зарур аст, ки аз тарафи Вазорат ё Раёсати маориф бахши махсуси сифати маҳсулоти либосҳои мактабӣ дар якҷоягӣ бо идораи Стандарт ва Зидиинҳисорӣ ташкил карда шавад. Ин бахш ҳар як соҳибкор ё корхонаеро, ки либоси мактабиашро ба муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон пешниҳод кардан мехоҳанд, мавриди санҷиш қарор диҳад ва дар ҳоли ҷавобгӯ будан ба талабот иҷозати бастани шартномаро диҳанд. Ҳоло баъзе аз соҳибкорон ё корхонаҳои хурд мустақиман либоси пастсифати худро ба муассисаи таълимӣ бурда, ба фурӯш мемонанд, ки эътибори истеҳсолоти ватаниро паст мезананд ва боиси пайдо шудани андешаҳои гуногуни мардум мегарданд.
С. АЗИЗЗОДА,
“Хатлон”