Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Таҷрибаи пешқадам – василаи комёбиҳои навин


Таҷрибаи пешқадам – василаи комёбиҳои навин




- Чанд бардошт аз нашрияи “Хатлон”-и Мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон

Ҳарчанд равишҳои нави зиндагӣ бо тавлиди техналогияҳои муосир, омӯзишу хониш ва мутолиаву азбарнамоии набзи замонро миёни мардум хеле соддаву осонтар гардонида бошад, ҳам вале таъсиру ҷалби матолиби хонданиву рӯзмарра дар ягон давру ҳолат мавқеву манзалаташро гум накардаву ба ҳеҷ сурат дур нахоҳад кард. Зеро табиати инсон дар ҳама давру замон ҳамонеро интихобу талош менамояд, ки ба таъбу салиқааш мувофиқу созгор бошад.   

Зимни сафари корӣ ва рисоти масъулият ба калонтарин вилояти ҷумҳурӣ аз ҷараёни кори нашрияи “Хатлон”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дидан кардем. Шароити кории аҳли эҷод бо назардошти камии утоқҳои зарурӣ хеле хушоянду диданӣ ва низ омӯхтанӣ ҳам буд. Баробари дидан таваҷҷуҳамон ба осорхонаи нашрия бештар шуд, зеро дар он таърихи эҷод, бо ҷамъоварии далелҳои нодиру харитаи тақсимоти нашрия бо рӯзномаҳои махаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят насб шуда буд.    


Дар чунин як шароити маҳдуд таърихи беш аз 90 соларо ғунҷонидан корест мушкил ва ҳам ҷойи ифтихору сано хондан ба роҳбарияти ин нашрияи вилоятӣ аст. Тибқи маълумот як зумра шахсиятҳои муътабару адибон ва чандин зиёиёни номвари кишварамон ҳам дар ин рӯзномаи вилоятӣ кору фаъолияти пурсамар низ намудаанд.   


Дар саҳифаҳои рӯзнома ҷо намудани матолиби рӯзмарра, ороиши муосир, ҷалби бештари ҷавонони эҷодкор, таҳияи чандин китобу маҷмуа ва истифодаи шаклу усулҳои навинии QR-коду шабакаҳои иҷтимоӣ аз шумули комёбиҳои муассире мебошанд, ки давоми як соли охир таҳти роҳбарии сардабири он, шахси оқилу доно ва дорои касбияти волои соҳа Носирҷон Маъмурзода ба даст омадаанд. 

Амалинамоии чунин дигаргуниҳои тозаву навин дар шароити маҳал агар аз як ҷониб, дарки баланди шинохти рисолат бошад, аз сӯи дигар роҳнамоиву рохандозии таҷрибаи мувофиқу созгори муассису роҳбарияти нашрияи “Хатлон” мебошад. Дар ин самт ба эшон ва аҳли эҷоди нашрия дастовардҳои тозаро орзу дорем.

Каримзода Ҳақназар Изатулло,
рӯзноманигор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода