Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ибтидои зиндагонӣ модар аст


Ибтидои зиндагонӣ модар аст



Чанде пеш китоби шоир Саидқул Мирализода бо номи «Осор. Модарнома» дастраси хонандагон гардид. Дар китоб симои зан-модар дар таълиму тарбияи фарзанд, қадру манзалат ва шаъну шарафи он дар зиндагӣ нишон дода шудааст.

Ватан-модар ҳамрадифи якдигаранд. Агар ватан гӯем, оғӯши гарми модарро дар назар дорем ва агар модар гӯем, ватанро пеши назар меорем. Мафҳумоти ин ду чашмаро аз якдигар ҷудо карда наметавонем. Бузургони сухан, тамоми эҷодкорон, шоирону нависандагон низ онҳоро аз ҷиҳати ифоданокӣ ва маънӣ дар як радиф гузошта, андешаҳои худро баён сохтаанд. Чунончи дар чакидаҳои хомаи Саидқул Мирализода мебинем:
Ҳар касе нашнохт қадри модару гаҳворааш,
Бенасиб аз умру дар рӯйи замин овора аст.
Гар ҳама дунё ватан гардад туро, бар ёд ор,
Ки сароғози ватандории ту гаҳвора аст.

 
Агар модар фарзандро ба дунё биёрад, Ватан онро дар оғӯш гирифта мехӯронад, мепӯшонад ва мехобонад, ба камол расонида, орзуҳояшро амалӣ месозад. Аз ин рӯ, хизмати ватану модар бо ҳамдигар баробаранд. Ҳар як модар дар дил орзу мепарварад, ки фарзандаш қобилу ҳунарманд, ҳунарпешаву соҳибкасб, донишомӯзу соҳибмаърифат бошад. Вақте ки фарзанд дорои чунин хислатҳои хуб гардид, ӯ дар зиндагӣ ҳам хизматгори падару модар ва ҳам манфиатрасони ҷомеа мешавад. Қисса мекунанд, ки се зан дар лаби об нишаставу писарони худро таърифу тавсиф менамоянд.

Ҳар кадом кӯшиш менамуданд, ки як хислати писарашро бо забон оварда, гуфтору рафторашро аз писари дугонааш болотар гузорад. Аммо дар миёни онҳо зани дигаре ҳам буд, ки хомӯш истода, нисбати писараш чизе намегӯяд. Занҳо баъди суҳбат дар сатилҳо об гирифта, роҳи хонаро пеш мегиранд. Дар кӯча як гурӯҳ писарбачаҳо машғули бозӣ буданд. Аз миёни онҳо писарбачае тозон омода сатилҳои пуроб-ро аз дасти он зани хомӯшистода, ки модараш буд, гирифта ба хона мебарад. Вале фарзандони занҳое, ки писаронашонро таърифу тавсиф мекарданд, ба бозӣ дода шуда, ба модари худ кумак нарасонданд.

Онҳо аз ин рафтори фарзандон шарм дошта, бо сари хаму сатилҳои пуробашон ба хона рафтанд. Модарон ҳамеша аз писарони қобилу кордону ёрирасон сарбаланду сарафрозанд. Чунин фарзандон дар хона қаноти модар мебошанд. Фаромӯш насозем, ки аз рӯзи ба олами ҳастӣ чашм кушоданамон аз шири поки модару обу ҳавои Ватан баҳра бурдаем. Он ҳама дастоварду комёбию созандагиҳои азим ва соҳибистиқболие, ки ба он ноил шудем, аз дуои неку домани пурбаракати модарон аст.

Қувваи бузурги дуои неки модарон мебошад, ки мо дар фазои сулҳу ваҳдат хушбахтона кору зиндагӣ дорем. Аз ин рӯ, то тавонем, пеши модар-Ватан сари таъзим фуруд орему бо забони шоир бигуем:

Намоз Солиев,

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода