Соли паланг аз нигоҳи илми нуҷум
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 2 128
Мо дар арафаи Соли нав қарор дорем, вале намедонем, ки дар соли 2022 моро чӣ интизор аст. Тибқи тақвими шарқӣ, соли паланг аз 1 феврал оғоз ёфта, 21 январи соли 2023 ба охир мерасад. “Моро рӯйдодҳои зиёде интизоранд, аммо онҳо асосан воқеаҳои хуш ва мусоид хоҳанд буд”, - мегӯяд мунаҷҷими рус Елена Молдованова.
Дар соли 2022 чизи асосӣ ин аст, ки лаҳзаи мувофиқро аз даст надиҳед. Паланг ба ҳеҷ ваҷҳ ҳайвони бад нест. Вай даранда аст. Ӯ фаъол, доимо дар ҷустуҷӯи сайд ва заминҳои нав мебошад. Соле, ки зери аломати ӯст, ҳамон гуна хоҳад буд: дурахшон, энергетикӣ ва пешгӯинашаванда.
Маҳз дар соли паланг метавон ба пешравӣ шоил шуд. Ҷаҳед ва шумо дар баландии комилан нав қарор мегиред. Чизи асосиаш он аст, ки ба ин пешравии муҳим омода бошед!
Хусусан, онҳое, ки фаъолияташон ба суханварӣ, сиёсат, эҷодкорӣ алоқаманд аст, хушбахт мешаванд.
Дар ин сол шумо бояд барои омӯхтани чизҳои нав, такмил додани худ ва азхуд кардани касбу малакаи нав кӯшиш кунед. Тавре дар боло ишора шуд, паланг худ як ҳайвони дурахшон ва намоён аст, аммо дар соли 2022 онро рангҳои кабуд ва сиёҳ, инчунин унсури об ҳамроҳӣ мекунад. Аз ин рӯ, барои онҳое, ки ҷашн мегиранд, беҳтар аст, ки аз рангҳои дурахшон дар либос худдорӣ кунанд ва чизи орому бетарафро интихоб кунанд. Паланг як ҳайвони ҳукмфармо ва озодихоҳ аст, ки заифиро таҳаммул намекунад ва фаъол буданро афзалтар медонад. Агар шумо хоҳед, ки ин сифатҳоро пур кунед, пас, шумо бояд як гардероби махсус барои соли нав интихоб кунед.
Соли тиллоӣ ё биринҷӣ ба беҳтар шудани некӯаҳволии моддӣ мусоидат мекунад. Либосҳои сиёҳ ва кабуд ба шумо кумак мекунанд, ки ба қуллаҳои касбатон бирасед.
Таҳияи Фарида БАРОТОВА,
коромӯзи «Хатлон»