Рӯзномаи Хатлон » Эълонҳо » «КОЛЛЕҶИ ТИББИ ШАҲРИ БОХТАР» ЭЪЛОН МЕНАМОЯД


«КОЛЛЕҶИ ТИББИ ШАҲРИ БОХТАР» ЭЪЛОН МЕНАМОЯД


ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ  ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

МУАССИСАИ   ДАВЛАТИИ   ТАЪЛИМИИ «КОЛЛЕҶИ ТИББИ ШАҲРИ БОХТАР»

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Ба Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ, хориҷиён ва шахсони бетабаа қабул карда мешаванд.

Ба ҳамаи ихтисосҳои гурӯҳҳои буҷавӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

Ба гурӯҳҳои шартномавӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ва давлатҳои хориҷӣ, ки ҳуҷҷатҳои баробарэътирофии таҳсилоти миёнаи умумӣ доранд, қабул карда мешаванд.

Ба шакли таҳсили рӯзона дов-талабони синашон то 30-сола ва ба шуъбаи шабона (машғулиятҳо аз соатӣ 13:00 то 1800) бе маҳдудияти синну сол қабул карда мешавад.

Таҳсил дар коллеҷ бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) ба роҳ монда шудааст.

Дар коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар довталабон дар шуъбаи рӯзона, аз рӯи ихтисосҳои зерин қабул карда мешаванд:

-кори табобатӣ, бо додани тахассуси ҳамшира (бародар)-и тибби оилавӣ (муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ, буҷавӣ ва шартномавӣ);

-кори момодоягӣ, бо додани тахассуси момодоя (муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ, буҷавӣ ва шартномавӣ);

-кори ҳамширагӣ бо додани тахассуси ҳамшираи тиббӣ (муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ, буҷавӣ ва шартномавӣ);

-кори фарматсевтӣ бо додани тахассуси ёрдамчии фарматсевт (муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ шартномавӣ).

Дар шуъбаи шабонаи коллеҷи тиббӣ довталабон муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ аз рӯи ихтисосҳои зерин қабул карда мешаванд:

-кори ҳамширагӣ, бо додани тахассуси ҳамшираи тиббӣ (шартномавӣ);

-кори фарматсевтӣ, бо додани тахассуси ёрдамчии фарматсевт (шартномавӣ).

Имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Суроға: шаҳри Бохтар, кӯчаи Сино-7.

Телефонҳо: 2-25-73, 2-20-89.

Эзоҳ: рӯйхати ихтисосҳои дар шумораи №11 чопшуда эътибор надоранд.

 

РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД

Ба диққати хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон расонида мешавад, ки рӯзҳои 15-16 марти соли 2021 дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар “Рӯзи дарҳои кушод” гузаронида мешавад. 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода