ЭЪЛОН!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 декабр, Бахш: Эълонҳо, Боздид 838
Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон расонида мешавад, ки рӯзи 25 декабри соли 2023, соати 09:30 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад:
1. Ҳисоботи раиси вилояти Хатлон дар соли 2023.
2. Дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2022 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2024.
3. Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2024.
4. Масъалаҳои ҷорӣ.
Шуъбаи ташкилии дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон