Рушди парандапарварӣ ва моҳидорӣ дар вилоят
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 295
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир гардида, теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз 3 адад ба 260 адад расонида шуд.
Масоҳати кӯлу ҳавзҳо аз 1415 ба 2563 гектар ва истеҳсоли моҳӣ аз 462 ба 2551 тонна расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба соли 1991-ум 5,5 маротиба зиёд мебошад.
Ба рушди соҳаи парандапарварӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, теъдоди фабрикаҳои парандапарварӣ аз 7 адад ба 15 адад, саршумори паранда аз 896,3 ҳазор сар ба 2,2 миллион сар, истеҳсоли тухм аз 32,0 ҳазор дона ба 1027,3 ҳазор дона ва истеҳсоли гӯшти паранда танҳо дар фабрикаҳо ба 7,2 ҳазор тонна расонида шуд.