Кишоварзони Хатлон дар самти таъмини амнияти ғизоӣ пешсафанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 3 002
Оид ба Саҳми кишоварзони Хатлон дар таъмини амнияти ғизоии кишвар дар давоми 30 соли даврони Истиқлоли давлатӣ
30 сол қабл Тоҷикистон натанҳо соҳибистиқлолии давлатӣ ба даст овард, балки ба қавли шоҳидон ва соҳибназарон, дар тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ тағйироту таҳаввулот бо маром ба вуҷуд омаданд. Тоҷикистони имрӯз аз Тоҷикистон 30 соли қабл хеле ва хеле фарқ дорад. Бартар, пешрафтатар, ободтар, зеботар ва амнтар! Хуллас, ҳар бартарияте, ки хоҳем, дар давоми ин 30 соли мустақилӣ Тоҷикистон, дар муқоиса ба як кишвари ба қавле навпайдо, ба он даст ёфту соҳаҳои фаъолият дар кишвар давра ба давра ба дигаргуниҳову тағйироти ҷиддии беҳтар рӯ ба рӯ шуданд.
Дирӯз ва имрӯзи соҳаи кишоварзӣ
Аз ҷумла яке аз соҳаҳои калидии фаъолият дар мамлакатсоҳаи кишоварзӣ дар ин давра таҳаввулоту дигаргуниҳои рӯзафзуни бешуморро паси сар кард. Давоми 30 сол ин соҳаи ҳаётан муҳимми хоҷагии халқи кишвар ба он сатҳе рушд кард, ки метавон дастоварду пешрафт, таҳаввулоту тағйирот, ҳамзамон, рӯ ба рӯ шудан бо мушкилоту камбудиҳо ва ҳалли он ҳама масоил дар ҳар соли онро ба таври муфассал таҳлилу баррасии ҷудогона ва мӯшикофона намуд.
Соҳаи кишоварзӣ дар хоҷагии халқи вилоят ва ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, серию пурӣ ва осудаҳолии аҳолӣ, танзими нарху наво ва баракати дастархони мардум аз самаранокӣ ва ҳосили баланди маҳсулотҳои ин соҳа вобастагии калон дорад.
30 саҳифаи ҳаёти кишовар зони Хатлон
Кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми 30 соли даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти таъмини амнияти ғизоии аҳолии мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, саҳми басо назаррас ва қобили таҳсин гузоштаанд.
Бар асоси маълумоти омории дастрасшуда аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон кишоварзони вилоят сар аз соли 1991 то соли ҷорӣ барои сокинони вилояту ҷумҳурӣ маҳсулоти кишоварзии мухталиф, аз ҷумла ғалладонагиҳо, сабзавоту меваҷот ва полезиҳо, гӯшти чорвои гуногун, шир ва маҳсулоти ширӣ, гӯшту тухми анвои мухталифи паранда, маҳсулоти хоми саноати истеҳсоли либосу матоъ – пашму пӯст, пахта, абрешим ва ғайраро истеҳсол ва пешниҳод менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки Сарраёсати кишоварзии вилоят соли 2008 дар заминаи Раёсати кишоварзии вилоят таъсис дода шуда, айни ҳол дар он 30 нафар хидматчиёни давлатӣ бо маълумоти олӣ дар якҷоягӣ бо Раёсати кишоварзии дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб кору фаъолият намуда истодаанд. Аз шумораи умумии кормандон 27 нафар мардон, 3 нафар занон ва 12 нафар ҷавонон фаъолият мекунанд.
Сарраёсати кишоварзии вилоят дар тобеияти худ Раёсати кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ташкилоту муассисаҳои зертобеъ, Филиали муассисаи давлатии трести чарогоҳу мелиоративӣ, Корхонаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикикунонии кишоварзӣ, Филиали муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ, Корхонаи воҳиди давлатии мубориза бар зидди малах, шуъбаи бозрасии назорати давлатии техникаҳои кишоварзӣ, Филиали маркази такмили ихтисоси бозомӯзии кормандони соҳаи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Раёсат, шуъба ва бахшҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳоро дорад.
Назаре ба тағйири рақамҳо дар соҳаи кишовар зӣ
Кишоварзони вилоят бо истифода аз технологияҳои пешрафта ва таҷрибаҳои пешқадам истифода намуда, тибқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ давоми соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ба 16 миллиарду 985 миллиону 21,1 ҳазор сомонӣ расонидаанд, ки аз ин 12 миллиарду 305 миллиону 84,1 ҳазор сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 4 миллиарду 679 миллиону 937 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост омада, дар муқоиса ба соли 1991 ба андозаи 13 миллиарду 727 миллиону 463,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин, соли 2020 дар майдони 426318 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки аз ин 188273 гектар ғалладонагиҳо бо ҷуворимакка барои дон, 135323 гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 124175 гектар пахта, 10606 гектар картошка, 36525 гектар сабзавот, 15455 гектар полезиҳо ва 40137 гектар зироатҳои хӯроки чорво мебошад.
Кишти зироатҳо нисбати соли 1991 зироатҳои техники 57757 гектар, зироатҳои хӯроки чорво 54488 гектар ва токзорҳо 17 гектар кам гардида, дар заминаи онҳо кишти картошка ба 6338 гектар, сабзавот 25606 гектар, полезиҳо 7459 гектар ва боғҳо 14011 гектар зиёд карда шуд.
Аз майдони киштшуда давоми соли 2020-ум 985322 тонна ғалладонагиҳо, 277221 тонна пахта, 193104 тонна картошка, 1470696 тонна сабзавот, 589089 тонна полезиҳо, 209095 тонна мевагиҳо ва 107452 тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба соли 1991-ум 1301497 тонна сабзавот, 519036 тонна полезиҳо, 164414 тонна картошка, 176765 тонна мевагиҳо, 75987 тонна ангур ва 24828 тонна хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока зиёд мебошад.
Дар ин муддат ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ бо тадриҷ афзуда, ғалладонагиҳо 36,1, пахта 22,3, картошка 172,0, сабзавот 288,6, полезиҳо 289,2, мевагиҳо 74,5 ва ангур 92,5 сентнерӣ аз ҳар як гектар гирифта шуда, нисбати соли 1991 ғалладонагиҳо - 21,6, сабзавот- 145,5, полезиҳо- 236,9, картошка - 93,5, мевагиҳо - 29,7 ва ангур - 56,6-сентнерӣ зиёд мебошад.
Чорводорӣ ва истеҳсоли гӯшт
Чорводорӣ низ яке аз соҳаи муҳимми кишоварзӣ ба шумор рафта, давоми соли 2020 саршумори чорвои калони шохдор 1001347 сар, аз ҷумла модагов 506980 сар, саршумори чорвои майдаи шохдор 2377820 сар, саршумори паранда 2192149 сар ва асп 59039 сар расонида шуда, нисбати соли 1991 саршумори чорвои калони шохдор 404084 сар, аз ҷумла модагов 253829 сар, саршумори чорвои майдаи шохдор 1225929 сар, саршумори паранда 1295818 сар ва асп 26177 сар зиёд мебошад.
Ҳамзамон, давоми соли 2020 истеҳсоли гӯшт ба 172445 тонна, шир 515189 тонна, тухм 102725 ҳазор дона, пашм 5464 тонна, пилла 224,2 тонна, асал 1067 тонна, 16910 сар гӯсола, 180989 сар барраю бузғола гирифта ва расонида шуда, нисбати соли 1991 гӯшт 116557 тонна, шир 256982 тонна, тухм 70710 ҳазор дона, пашм 3058 тонна, асал 878 тонна, барраю бузғолагирӣ аз 100 сар меш 10 сар, тухмгирӣ ба як сар мокиён 60 дона ва пашмтарошӣ ба як сар гӯсфанду буз 0,7 кг зиёд мебошад.
“Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст”
Инҷо лозим донистем, ки танҳо бо пешниҳоди чанд рақам аз соҳа кифоят накунему назару андешаи онҳоеро, ки ба қавле дар соҳаи кишоварзӣ мӯйи сар сафед кардаанд, дар мавриди мавзӯи матраҳ ҷӯё шавем. Ба қавли маъруф, “Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст” ё худ он чи ки коршиносон ва шоҳидони рушди соҳаи кишоварзӣ дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ метавонанд бигӯянд, кам касоне дар сатҳи эшон тавону фаҳмиши таҳлили соҳаи мазкурро доранд.
Ба таъкиди Муродгул Ҷӯрабоева, декани факултети амнияти озуқаворӣ ва иқтисоди аграрии Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар, имрӯзҳо дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти соҳаи кишоварзӣ ва иқтисод дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ даҳҳо маротиба бештар беҳбудиҳо ба чашм мерасанд.
- Истиқлолият барои мардум ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон натанҳо озодӣ ва сулҳу амниятро тақдим кард, балки шароит ва имкон фароҳам овард, ки соҳаҳои гуногуни фаъолият дар ҷумҳурӣ ба таври мустақилона ва мунтазам рушду тараққии бемайлони худро дошта бошанд. Аз ҷумла, соҳаи кишоварзӣ ва дар заминаи он соҳаи иқтисод дар тамоми ҷумҳурӣ, алалхусус, вилояти Хатлон маҳз дар даврони Истиқлолият ба таври бесобиқа рушд кард. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар мардум имкони интихоби маҳсулоти гуногуни ғизоӣ дар бозору фурӯшгоҳҳоро надоштанд, зеро анвои гуногуни маҳсулоти хӯрока мавҷуд набуд ё агар мавҷуд буд, дастрасӣ пайдо кардани мардуми миёнаҳол ба онҳо маҳдуд ва ҳатто дар аксари маврид ғайриимкон буд. Вале имрӯзҳо дар тамоми бозору фурӯшгоҳҳо дилхоҳ намуди маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайри онро бо нархи дастрас метавон пайдо ва харидорӣ намуд. Ин ҳама аз самараи соҳибистиқлолии кишвар аст, -мегӯяд М. Ҷӯрабоева.
Собиқадори меҳнат, собиқ муовини якуми раиси ноҳияи Ҷайҳун дар солҳои 2006-2017 Назаралӣ Абдурасулов, ки собиқаи зиёди фаъолият дар соҳаи кишоварзиро дорост, мегӯяд, ки давоми 30 соли даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон дар муқоиса ба дигар соҳаҳои фаъолият ба маротиб бештар рушд кард.
-Ҳамчун як собиқадори соҳа метавонам бо итминони комил гӯям, ки тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи кишоварзии Хатлон ба сектори афзалиятнок ва сарчашмаи асосии фаровонии бозорҳои кишвар ва файзу баракати дастархони мардум табдил ёфта, кишоварзони вилояти Хатлон дар самти таъмини амнияти ғизоӣ барои мардуми мамлакат саҳми назаррас гузоштаанд, -мегӯяд Н. Абдурасулов.
Вақте замин соҳиби аслии худро пайдо кард
Коршиносони соҳаи кишоварзӣ изҳор медоранд, ки яке аз дастовардҳои беназири соҳа дар даврони соҳибистиқлолии кишвар он аст, ки дар доираи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои коллективӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ замин соҳиби аслии худро пайдо кард. Дар ин замина садҳо ҳазор сокинони кишвар бо таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ барои худ ва саҳмдоронашон шуғли доимии даромаднок пайдо намуданд.
Аз ҷумла, аз замони оғози таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ то имрӯз дар вилояти Хатлон 68471 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис дода шудааст, ки майдони умумии заминҳои ин хоҷагиҳои инфиродӣ ба 1 миллиону 118 ҳазору 716 гектар мерасад, ки аз ин 217 164 гектарашро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Масоҳати заминҳои корами хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 264 ҳазор 156 гектар мерасад, ки аз он 191 ҳазор 406 гектараш заминҳои обӣ мебошанд. Аз давраи ба вуҷуд омадани хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ собит гардид, ки фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар аз меҳнати хоҷагиҳои деҳқонӣ вобастагии калон дорад.
Бешубҳа, дар замони соҳибистиқлолӣ замин манбаи асосии таъминоти рӯзгори мардуми деҳот ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, бо мақсади фароҳам намудани манбаи иловагии таъмини сокинон бо маҳсулоти ғизоӣ ҳанӯз аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ба хотири истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 1995 №342, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 1995 таҳти №698 ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони умумии 50 ҳазор гектар замин ҳамчун замини хоҷагии ёрирасони шаҳрвандон дода шуд. Баъдан, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали 1998 №45 иловатан 25 ҳазор гектар, дар ҷамъ 75 ҳазор гектар ҳамчун замини хоҷагии ёрирасони шаҳрвандон ба аҳолӣ тақсим карда шуд.
Инчунин, дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмини шароити беҳтари зисту зиндагонии шаҳрвандон ба Қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои 80 ҳазору 452 оилаҳои эҳтиёҷманд зиёда аз 10 ҳазор 63 гектар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст, ки то кунун соҳибони ин заминҳои кишоварзӣ бо истифода аз имконоту шароити фароҳамомада дар самти таъмини мардуми вилоят, кишвар ва берун аз он бо маҳсулоти кишоварзии хушсифату ба саломатии инсон манфиатбахш талош намуда истодаанд.
Дар фарҷоми сухан
Дар самти рушди соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ деҳқонону хоҷагидорони вилояти Хатлон бо истифода аз технологияҳои пешрафта ва таҷрибаҳои пешқадам ба дастовардҳои бузург ноил шуда истодаанд.
Метавон бо умедворӣ ва боварӣ ҳадс зад, ки кишоварзони вилояти Хатлон бо истифода аз имконият ва шароити дар ихтиёрдоштаашон минбаъд ҳам дар самти беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум, фаровонии ҳосили хушсифату дастрас дар бозорҳо, дар умум боз ҳам беҳтар саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ на танҳо дар вилоят, балки тамоми кишвар талош хоҳанд варзид. Вале як нуктаро бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошем. Ба ҳама он пешрафту муваффақиятҳо, чӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва чӣ ҳар соҳаи дигар, ки то имрӯз ноил гаштем ва ҳар он чи мехоҳем, ноил шавем, танҳо дар сурати Истиқлоли миллию давлатӣ, сулҳу ваҳдат, субот, амният, осоиши сартосарӣ ва ҳамаҷониба ҳифзи ин ҳама арзишҳои аввалиндараҷа метавон даст ёфт.
Суннатуллоҳи Мирзо,
Шаҳлои Аҳмадхон, “Хатлон”