Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ҳосили пахта дар вилоят афзун хоҳад шуд


Ҳосили пахта дар вилоят афзун хоҳад шуд



То санаи 20 августи соли ҷорӣ дар ҳафт ноҳияи кишоварзии вилояти Хатлон – Носири Хусрав, ҚубодиёнДӯстӣВахшҶалолиддини БалхӣПанҷ ва ноҳияи Фархор кишоварзон ба ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз намудандАз ҷумладар ин шабу рӯзҳо ҷамъоварии ҳосили пахта дар якчанд хоҷагии деҳқонии ноҳияи Вахшки кишти пунбадонаро аз аввалҳои моҳи апрел ба роҳ монда будандвусъати тоза пайдо кардааст.

Тавре ки Исроил Нурматов, ҳисобчии хоҷагии деҳқонии “Содиқ”- и ноҳияи Вахш иброз дошт, боло рафтани арзиши маводи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ ва дигар хароҷоти пахтакоронро ба инобат гирифта, имсол нуқтаҳои қабул барои як килограмм пахта 8 сомонӣ пардохт кардан мехоҳанд.
 
– Хоҷагии деҳқонии мо дорои 15 гектар замин буда, аз ин 10 гектарашро кишти пахта ташкил медиҳад. Дар ду рӯзи аввали ҷамъоварии ҳосили пахта аз ҳисоби сокинони деҳаҳои атроф то 100 нафар чинакчиён ба саҳро баромада, рӯзе 5-6 – тоннагӣ пахта ҷамъоварӣ намуда истодаанд,-афзуд ӯ.
 
Аз рӯйи маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳияи Вахш соли ҷорӣ хоҷагиҳои пахтакори ноҳия дар майдони 8449 гектар кишти пунбадона гузаронидаанд, ки аз ин 248 гектари онро пахтаи пурқиммати маҳиннах ташкил медиҳад. Ба таъкиди мутахассисони соҳаи кишоварзии ноҳия, соли ҷорӣ нашъунамои пахта дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Вахш хуб буда, деҳқонон азм доранд, ки то охири мавсим аз нақшаи пешбинишуда, ки 21 ҳазору 440 тоннаро ташкил медиҳад, барзиёд ҳосил ҷамъоварӣ намоянд.
 
Бинобар иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, давоми моҳи августи соли ҷорӣ аллакай дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Қубодиён, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Фархор ва ноҳияи Вахш ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид. Тибқи маълумоти манбаъ, соли ҷорӣ дар 19 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар майдони 121 ҳазору 236 гектар кишти пунбадона ба роҳ монда шудааст.
 
Пахтакорони вилояти Хатлон ният доранд, ки дар соли равон ҳосилнокии заминҳои пахтазорро баланд бардошта, дурнамои нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро, ки 279 ҳазору 588 тоннаро ташкил медиҳад, пеш аз муҳлат иҷро намоянд.

Шаҳлои Аҳмадхон, коромӯзи “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода