Мо, шукр, осудаем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат, Боздид 1 173
Афғонистон беш аз 50 сол инҷониб ба вабои ҳамдигаркушӣ гирифтор аст. Пас аз пошхӯрии давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ин ҷанг доман паҳн карда, сарҳади ҳамсоякишварҳоро нотинҷ гардонид. Ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта ҷомеаи Афғонистон ба гурӯҳҳои бо ҳам мухолифи «Парчам», «Халқ», «Ситами миллӣ», «Ихвон-ул-муслимин» (Бародарони мусалмон) ва чанде дигар тақсим шуда, яке сояи дигареро аз девор метарошид.
Ошкор буд, ки гурӯҳи худро ҳизбдонистае аз ҷониби коммунистон, гурӯҳи дигар аз ҷониби демократияхоҳони аврупоиву амрикоӣ ва ҷамъияте бо шиорҳои исломихоҳӣ, чун «ҳама мусалмонон бародари ҳамдигаранд», гирдиҳамоиҳо доир карда, аксаран ҳарзагӯӣ ва суханбозӣ мекарданд. Оҳиста-оҳиста ин гурӯҳҳоро кадом неруе бо силоҳи оташнишон мусаллаҳ намуда, бар зидди ҳам шӯр андохт. Ин бозиҳои исломсозиву демократикунонӣ дар кишвари шоирону андешмандон - Балху Ҷом, Бодғису Ҷузҷон, Кобулу Зобул, Ҳироту Панҷшер, Бомиёну Парвон ҷӯйҳои хуни бегуноҳонро ҷорӣ намуданд, ки то ҳанӯз хушк намешаванд. Чунин ба назар мерасад, дар ин сарзамин ҳеҷ не ки сарваре пайдо шавад, то миллатро дар зери парчами ваҳдати миллӣ гирди ҳам оварад. Бародарону хоҳарони ҳамзабону ҳамсояи мо, ки дар байнашон садҳо истеъдодҳои илму ҳунар ҳастанд, аз ситезиданҳои ифротгароёни мутаассиб наметавонанд, хомаи кашфу эҷод ба даст гиранд. Равшанандешони ин кишвари харобгашта ба Тоҷикистони мо нигариста дуруд мефиристанд ва орзу мекунанд, ки Худованд ба мардуми онҳо низ Пешвои сулҳовар ва созандаву раҳнамоеро, ба мисли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бибахшояд. Ҳамин аст, ки яке аз тоҷирони нексиришти кишвари Афғонистон дар рӯзи кушодашавии чархаи нахустини Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар саҳифаи фейсбукӣ навишта буд: «Ин аст чеҳраи воқеии як Раиси ҷумҳур! Барояш аз Шарқу Ғарб миллиардҳо доллар сарозер мешавад. Дар ниҳоят садоқату ҳушёрии ҷавонмардӣ камари хидматро барои кишвараш дар миёни халқу мардум баста мекунад, ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар хотима дода, сулҳи ҳамешагиро ҷойгузини он месозад, ҳазорон фабрикаи хурду бузург сохта, чандин нақби мутаррав (мошинрав) месозад, шоҳроҳҳоро эъмор мекунад, боғдориву зироатро ривоҷ медиҳад. Меъмории шаҳрсозии мудерн ва мондагорро дар кишвар тарҳрезӣ намуда, садҳо парку чаман, тафреҳгоҳ, варзишгоҳу ғайра месозад. Ин ҳам ҷараёни сохтани яке аз бандҳои обии барқ, ки худ шоҳиди он ҳастед. Пас, қазоват бо шумост». Барояш посух дода будем, ки мо, шукр, осудаем ва барои таъмини амнияти худ ва фарзандони худ ҷонамонро ҳаргиз дареғ нахоҳем дошт!