Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
Чун бо Сафармад шинос мешавӣ, одами аҷибу ғароибро пеши рӯи худ мебинӣ. Ҳалиму хоксор, дорои фарҳанги баланд, муомилаи хубу суханони нарму ширинаш касро ба худ ҷалб менамояд. Бо ӯ гузаштани вақтро ҳис намекунӣ. Ба ҷанговару мулло ягон зарра шабоҳате надорад. Ин лақаб, чуноне ки худи Сафармад изҳор дошт, сабаби иштирокчии ҷанги Афғонистон буданаш аст. Ӯ ҷанговари интернатсионалист мебошад ва узви Шӯрои ноҳиявии ҳамин ташкилот аст.
Азбаски дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ қарор дорем, хостем каме ҳам бошад, дар бораи зиндагиномаи Сафармад чанд сатре рӯи варақ оварем.
Сафармад Ризоев соли 1962 дар шаҳраки Ҳулбук (собиқ Восеъ) ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Бинобар сабаби мушкилоти рӯзгор ӯро мактаб-интернати деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов ба оғӯш гирифт. Баъди хатми мактаб соли 1981 бо даъвати Комиссариати ҳарбии ноҳия ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гардид.
Соли ноором буд. Дар давлати Афғонистон ҷанг мерафт, ҷанги шаҳрвандӣ. Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ вазифаи интернатсионалистии худро дар Афғонистон иҷро менамуд. Сафармаду ҳамсолони даъватшудаашро барои таълиму машқ ба собиқ ноҳияи Рӯдакӣ (Ленин) бурданд. Давоми як моҳ машқи ҳарбӣ гузашта, оид ба тарзи истифодаи аслиҳа ва маҳорати ҷангӣ таълим гирифтанд. Баъди адои таълим аз фиристодагони ноҳияи Восеъ панҷ нафарро ҷудо намуданд, ки онҳо ҷавонони тануманду назаррас буданд. Чанде дар шаҳри Тошкант таваққуф намуда, пешаи ронандагӣ ва кори алоқаро омӯхтанд. Сипас, бо расидани фурсат ба Афғонистон рафтанд. Чанде ронандаи мошини сардори штаби дивизия буд. Яъне баъдан ӯро ба стансияи алоқа гузарониданд.
Кори ронандагӣ душвор бошад ҳам, вале кор дар ин ҷо душвортар буд. Таъмини алоқа ва назорати он байни қисмҳои ҳарбӣ, ротаву полкҳо. Зеро бе алоқаи мустаҳкам, бе огоҳӣ аз фаъолияти якдигар ва кори танзим дар штаби дивизия низоми рафти ҷанг аз имкон берун аст.
- Ба қисмҳои ҳарбӣ мерафтем, дар рафти фаъолияти ҳарбӣ иштирок менамудем, низоми алоқаро таъмин мекардем,-мегӯяд Сафармад Ризоев. -Дар ҳақиқат, ҷанг ҷанг аст, каме беэҳтиётӣ метавонад сарбозро захмӣ ва ё аз ҳаёт маҳрум гардонад.
Аммо ҳис кардам, ки мушкилот одамонро ба ҳам хеле дӯсту наздик мегардонад, яктану якҷон месозад. Шояд мушкилоти ҷанг бошад, вале тарбияи ватандӯстӣ ба қадри ҳол нақши худро дошт. Барои якдигар ҷавонони шӯравӣ худро сипар мекарданд. Якдигарро аз хавфноктарин ҷойҳои майдони ҷанг берун мекашиданд. Майдони ҷанг ҳам кӯҳсор буду ҳам майдони кушод, барои аскарони шӯравӣ душвортаринаш мавзеи кӯҳсор буд. Зеро ҷанговарони зидди ҳукуматии давлати афғон аксаран таҷрибаи ҷангии кӯҳӣ доштанд.
...Хабари хориҷшавии Қув-ваҳои Мусаллаҳи Шӯравиро аз Афғонистон сарбозон бо хушнудӣ қабул намуданд. Ин огоҳии поёни ҷанг дар мулки бегона буд. Ҳар як қисми ҳарбӣ рӯзи баромадашро аз ин мамлакати ҷангзада интизорӣ мекашид. Навбати қисми ҳарбии мо низ фаро расид. Бо низом, тартиби муайяншуда колонна саф ороста, аз хоки Афғонистон баромад. Давоми хизмат шаҳри Тошканти Ӯзбекистон муқаррар гардид. Қисмати боқимондаи хизматро дар ин шаҳр ба поён расонидам ва соли 1983 ба Тоҷикистон, зодгоҳи худ ноҳияи Восеъ баргаштам. Инак, ба ҳаёти осоишта пардохтам, - мегӯяд С. Ризоев.
Сафармад Ризоев барои хизматҳои ҷангиаш бо медали «Барои шуҷоат» ва чандин медалҳои ҷангиву ифтихорномаҳо сарфароз шудааст.
-Вале чанд сол пас ин нооромӣ, задухӯрд, кушторро ҷои дигар не, дар Тоҷикистони худ, ноҳияи худ дидем. Ҷанги шаҳрвандиро хоинони миллат, саркардаҳои ҳизби тер-рористии наҳзатӣ барафрӯхтанд, садҳо ҷавонони миллатро, ки орзуҳои ширине дошданд, қурбон намуданд. Аз ноҳияи мо низ чунин ҷавонон кам нестанд. Вале хоинони миллат, аз зумраи Кабирӣ ва пайравонаш бо ин амали хабисашон қаноат накарда, имрӯз мехоҳанд боз дасисаи дигаре роҳандозӣ намуда, миллати тоҷик, халқи Тоҷикистонро ба гирдоби бало кашанд. Мо дигар он нафарони солҳои навадум нестем. «Шарбат»-и фанду фиреби онҳоро хеле хуб хӯрдему чашидем, натиҷаашро бо чашми худ дидем. Худро ин қадар ранҷ надиҳед, бешарафҳо, чуноне мегӯянд: “Зӯри беҳуда миён мешиканад”, дар ғами ҷони худ бошед.
Мо имрӯз аз зиндагии осоиштаи кишвар, сулҳу амонӣ, меҳнати бунёдкорона хеле сарфарозем. Дар зиндагӣ камбудие нест. Корҳои созандагиву бунёдкорӣ, пешрафти ҷомеаро дида, бо боварӣ гуфта метавонем, ки кишвари мо дар оянда ба яке аз мамлакатҳои тараққикарда табдил ёфта, ифтихори миллату мардуми Тоҷикистон мегардад.
Ман, шахсан аз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан аз Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориву имтиёзҳояшон ба мо-башардӯстон изҳори миннатдориву сипос намуда, кӯшиш менамоем, ки дар тарбияи ҷавонон, шукуфоии Тоҷикистони азиз ба қадри имкон саҳми худро гузорем.
-Кулли мардуми шарифи вилоят, хосатан хизматчиёни ҳарбиро ба Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон табрик гуфта, тансиҳатӣ, барору комёбиҳои меҳнатӣ таманно менамоям, - гуфт дар поёни суханаш Сафармад Ризоев.
Наҷот САФАРЗОДА,
ноҳияи Восеъ
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.