Истеҳсоли неруи барқи офтобӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 133
Иқдоме, ки бояд тавсеа ёбад
Сокинони ноҳияи Дӯстӣ дар сарфакории неруи барқ таҷрибаи хуб доранд. Дар ин баробар дар манзилҳои чанде аз сокинони ноҳия ошхонаи офтобӣ, обгармкунак ва панелҳои офтобӣ насб гардидааст. Ин ҳама ба онҳо имкон додааст, ки дар таъмини амнияти энергетикии кишвар саҳми худро гузошта, пардохти хаққи истифодаи неруи барқро ба маротиб коҳиш диҳанд.
Зиёда аз як сол мешавад, ки дар манзили зисти Қутбия Ҷоншоева обгармкунак ва панелҳои офтобӣ мавриди истифода қарор дорад. Ӯ роҳбарии ТҶ "Дармонбахш" ва Кумитаи энергетикии занони ноҳияро бар дӯш дорад. Дар Ташкилоти ҷамъиятии “Дармонбахш” курсҳои ройгони пазандагӣ, дӯзандагӣ ва омӯзиши технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия амал мекунанд. -Обгармкунак ва панелҳои офтобӣ ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам пешрафти корҳоямон ба мо кумак намуданд. Чунки пештар маҳдудияти қувваи барқ ба кори мо таъсири манфии худро мерасонд. Бо истифода аз таҷҳизоти мазкур маҳдудият дар дастрасӣ ва истифодаи неруи барқ дар фаъолияти рӯзмарраи мо аз байн рафт,- иброз дошт Қутбия Ҷоншоева. Мушовири Лоиҳаи пешгирии ифлосшавии об ва ҳаво ба воситаи истифодаи энергияи барқароршаванда Фаррух Қосимов, ки бо дастгирии онҳо ин таҷҳизот насб гардидааст, дар мавриди хусусияти таҷҳизоти офтобӣ чунин гуфт: «Дар ин система 8 панел бо иқтидори умумии 2 кВт неруи барқ тавлид мекунад. Ғайр аз ин, 8 батареяи дигар насб гардидааст, ки дар набудани неруи офтоб метавон аз қувваи захиранамудаи онҳо истифода кард. Обгармкунаки офтобӣ бошад, 200 литр ғунҷоиш дошта, танҳо муҳаррики серкулятсионии он ниёз ба неруи барқ дорад. Ин муҳаррик ба қадри як чароғаки каммасраф барқро сарф мекунад, ки онро ҳам аз ҳисоби панелҳо таъмин мекунем». Қутбия Ҷоншоева мегӯяд, пештар дар як моҳ одатан 300-400 сомонӣ ва ҳангоми кор фармудани тафдонҳо то 500 сомонӣ ҳаққи истифодаи неруи барқ месупурд. Баъди насби таҷҳизоти офтобӣ бошад, пардохти маблағи истифодаи барқ ба маротиб кам шуд. -Чанде пеш нозири барқ омада гуфт: «Апа, шумо барқ истифода намебаред, ки ҳисобкунаки барқиятон ягон сомонӣ ҳисоб накардааст? Ба ӯ гуфтам: «Биёед, як бор болоро назар кунед». Вақте ки панелҳоро дид, ташаккур, гуфта, баромада рафт,- илова намуд Қутбия. Ба гуфтаи ӯ, пас аз насби таҷҳизоти офтобӣ сокинони ноҳия ба панелҳо зиёд таваҷҷуҳ карданд. «Шиносҳоям ба ман занг зада мегуфтанд, ки чаро барои телевизоратон ин қадар зиёд мавҷқабулкунак насб кардаед. Вақте ки бо кадом мақсад насб шудани онҳоро фаҳмиданд, ҷиҳати чӣ гуна сохтани он зиёд мепурсиданд. Ман суроғаҳои лозимаро барояшон пешниҳод мекардам», - афзуд Қ. Ҷоншоева. Мустафо Валиев, як сокини дигари ноҳияи Дӯстӣ низ дар хонаи худ ошхона ва панелҳои офтобӣ насб намудааст. Ӯ мегӯяд, дар як рӯз “ошхонаи офтобӣ” имкони то 100 литр ҷӯшонидани обро дорад. Ҳамчунин, аз ин ошхонаи офтобӣ ҳангоми хӯрокпазӣ истифода мебурдаанд. Мафҳуми “ошхонаи офтобӣ” шояд на ба ҳар яки мо ошност. Вале он ҳанӯз дар соли 1956 пайдо шуда буд. Чунин ошхонаҳо навъҳои гуногун доранд. Мутахассисон мегӯянд, ки сохтани онҳо кори он қадар мушкил нест ва муҳимтар аз ҳама барои истифодабарии он танҳо неруи офтоб лозим аст. Дар сохтани он ашёе истифода мешавад, ки иқтидори инъикоси неруи офтобро дошта бошад, метавон аз фалгаи алюминӣ истифода кард. Вазифаи фалғаи алюминӣ инъикос намудани ҳарчи бештари нурҳои офтоб ба ҷоест, ки зарф ҷойгир аст. Ҳамаи ин ба оилаи Мустафо Валиев имкон додааст, ки то 70% қувваи барқро дар корҳои рӯзгор сарфа кунанд.
Далер Ибодуллозода, “Хатлон”