Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ


СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ


Санаи 17-уми феврали соли равон дар толори маҷлисии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар семинар – машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани саводнокии иттилоотӣ – коммуникативӣ дар пешрафти таълим» бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинар – машварти мазкур директори Маркази номбурда Киромиддин Назарзода, директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон Акмал Нурализода, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар Иброҳим Мусоев, директорони маркази номбурда дар шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар, омӯзгорони фанни технологияи информатсионии муассисаҳои олӣ, касбии миёна ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ширкат доштанд. 

- Боиси нигаронист, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ омӯзгороне фаъолият доранд, ки бо вуҷуди таҷрибаи зиёди корӣ доштанашон аз уҳдаи истифодаи технологияи асри нав баромада наметавонанд. Ин боис мегардад, ки корҳои амалӣ – фаҳмондадиҳӣ бо хонандагон мувофиқи матлаб ба роҳ монда нашавад, - гуфт Киромиддин Назарзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» - и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мушкилоти дигари соҳа дар он аст, ки дар қисмате аз муассисаҳои таълимӣ технологияи иттилоотии пастсифат харидорӣ ва таъмин карда мешавад, ки дар муддати кӯтоҳ нуқсҳои гуногуни техникӣ пайдо мекунад. Дар ҳолати нуқси техникӣ пайдо кардани технологияи информатсионӣ сифати гузаштани дарсҳо дар сатҳи лозима ба роҳ монда намешаванд. Илова бар ин, дар баъзе аз шаҳру навоҳӣ масъулин иҷроиши Барномаро дар харидории компютерҳо медонанду бас. Ҳол он ки яке аз пунктҳои асосии дигари Барнома ин ба роҳ мондани омӯзиш, тарғибу ташфиқ ва такмили дониши омӯзгорони соҳа мебошад. К. Назарзода изҳор дошт, ки бо ба инобат гирифтани вазъи мазкур тасмим гирифтаем, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат семинар – машваратҳои омӯзиширо барои кормандони соҳа, омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ ташкил намоем. Ҳамзамон дар рафти семинар табодули таҷриба низ ба роҳ монда шудааст. Зеро дар семинаре, ки дар минтақаҳои вилояти Хатлон гузаронида мешаванд, муовини директор ва кормандони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Суғд иштирок карда, аз таҷрибаи якдигар омӯзиш мекунанд. Дар нақша ҳаст, ки чунин семинар – машварти омӯзишӣ дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон баргузор карда мешавад.  

Дар қисмати дигари семинар – машварат Иброҳим Мусоев, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар оид ба муҳимияти баргузории чунин семинар – машваратҳои омӯзишӣ, Баҳриддини Гардуллоҳ, омӯзгори фанни технологияи иттилоотии муассисаи таълимии №9-и шаҳри Бохтар дар бораи «Рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ заминаи устувори навовариҳо ва пешрафти илму технология», Азизҷон Қурбонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оид ба «Аҳамияти технологияи иттилоотӣ – коммуникативӣ дар ҷомеа», Комил Мирзоев, омӯзгори Коллеҷи омӯзигории шаҳри Бохтар дар хусуси «Маданияти истифодабарии шабакаи интернет», Муҳаммадазизи Мирзо, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи «Омӯзиши барномаи Visual Basic», Наврӯз Калонов, директори маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода дар мавзӯи “Тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии (таҷҳизотҳои техникӣ) қаблан истифодашуда” баромад намуданд.       

Пас аз маъруза ва суханронии масъулони семинар – машварати омӯзишӣ суолу ҷавоби озоди иштирокчиён бо масъулини Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия баргузор гардид. Суолҳо оид ба интихоб ва истифодаи дурусти барномаҳои компютерӣ дар муассисаҳои таълимӣ, усулҳои беҳтарини фаҳмондидани дарси амалӣ, истифодаи технологияи иттилоотӣ ба монандӣ компютер, тахтаи электронӣ ва амсоли ин дар дарсҳо, омилҳои ҳал нашудани мушкилоти соҳа, норасоии омӯзгорони фаннӣ ва фаъолияти ғарикасбии омӯзгорон дар технологияи информатсионӣ, норасоии синфхонаҳо, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои мактабӣ ва мушкилоти пешомада ва амсоли ин масъалаҳо пешниҳод гардида, аз тарафи роҳбари Маркази болозикр Киромиддин Назарзода ва дигар масъулон ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд. Дар рафти семинар - машварат миёни иштирокчиён ва масъулини семинар - машварат оид ба истифодаи барномаҳои компютерӣ, омодашавии кадрҳои лаёқатманд баҳсҳо ба вуҷуд омад, ки дарак аз таъсири семинар – машварат ва бедоршавии мутахассисони соҳа медод.

Дар қисмати дуюми рӯз бо иштирокчиёни семинар - машварат кори гурӯҳӣ ташкил гардид, ки дар рафти он донишу фаҳмиш, малакаи истифодабарии технологияи асри нав, истифодаи усулҳои ҷадид дар таълим, чолокиву зиракӣ ва фаъолнокии иштирокчиён мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Ҳамзамон мутахассисони соҳа аз вилояти Суғд, шаҳри Вахдат, шаҳри Душанбе аз таҷрибаи кории худ қисса намуда, дар бораи шакли ҳалкунии мушкилоти ҷойдоштаи соҳа, тарзи таъсиргузорӣ дар азбайнбарии мушкилоти корӣ, ҳамкорӣ бо волидон ва дигар масъулини соҳа, фарқияти корӣ онҳо аз масъулин ва омӯзгорони вилояти Хатлон изҳори назар намуданд. 

Дар охири семинар – машварати омӯзишӣ, ки дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани саводнокии иттилоотӣ – коммуникативӣ дар пешрафти таълим» доир гардид, як қатор роҳбарони пешсафи маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар бо ифтихорнома ва туҳфаҳои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Гуфта шуд, ки ҳафтаи баъдӣ чунин вохӯрӣ ва семинар дар минтақаи Кӯлоб баргузор хоҳад гашт.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода