БОЗСОЗИИ СТУДИЯИ ТАЪЛИМӢ-ТАҶРИБАВӢ ДАР ДДБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз аз ҷониби Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Студияи таълимӣ-таҷрибавии назди кафедраи рӯзноманигории донишгоҳро пас аз пурра азнавсозӣ гардиданаш мавриди истифода қарор дод.
Ба ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат иттилоъ додан, ки ҳама гуна сабти барномаҳои радиоиву телевизиониро метавон дар ин студия таҳия намуд, ки маҳз бо кумаку дастгирии Раёсати донишгоҳ дар доираи ҳамкориҳои шарикӣ студияи таълимӣ-таҷрибавии азнавсозӣ гардида, барои гузаронидани ҳама гуна сабти барномаҳои радиоиву телевизионӣ ва машғулиятҳои таълимиву омӯзишӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
![]()
Зимни шиносоӣ аз студияи таълимӣ-таҷрибавӣ оид ба дастгоҳҳои наворбардориву аккосӣ, чароғҳои равшанидиҳанда, компютерҳои танзимкунандаи навору овоз, пардаҳои кабуд (хромакей) ва дигар воситаҳои техникӣ муфассал маълумот доданд.
Гуфта шуд, ки баъд аз кушодашавии студияи таълимӣ-таҷрибавӣ донишҷӯён имконият пайдо менамоянд, ки донишҳои назарии андухтаи худро дар амалия татбиқ кунанд. Рушду таҳкими маҳорати касбии журналистон маҳз тавассути ба роҳ мондани таҷрибаҳои амалӣ имконпазир мегардад, ки студияи мазкур ин шароитро доро мебошад.
![]()
Ҳамчунин дар студия барои омӯхтани нозукиҳои кори наворбардорӣ, сабт ва танзими садо, танзими видео, кор бо камера, омода намудани сенарияи барномаҳои телевизионӣ, ташкили кори шуъбаи ахбор, қоидаҳои хондани матни журналистӣ ва дигар самтҳои кор дар студияи телевизион ва радио омӯхта мешавад.
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00