қуттиҳои пластикӣ ба ҷомеа чӣ зарар доранд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 июн, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 1 815
Дар замони муосир илм бо суръати Кайҳони пеш рафта, сатҳи зандагии мардум низ нисбат ба солҳои пеш беҳтар шудааст.
Ин ҷо суоли матраҳ ин аст, ки инсоният дар самти беҳбудии оянда, аз ҷумла: ҳаёти фарзандони худ, ҳаёти растаниҳо, умуман беҳбудии муҳити атроф чӣ гуна иқдоме нишон додааст? Аз мушоҳидаҳо бар меояд, ки ҷомеаи имрӯзаи мо барои бунёди ояндаи солим амалҳои нодуруст анҷом медиҳад. Яъне, зарари истифодаи нодурусти маҳсулоти кимиёӣ ва консетратҳо, маҳсулоти дар дохили қуттиҳо ва халтаҳои полиэтиленӣ бурро мардум то ҳол дарк накардааст. Имрӯз, аксарияти маҳсулот дар қутиҳои пластикӣ ба фурӯш бароварда мешавад, ки ин на танҳо ба инсон, балки ба муҳити атроф таъсири манфӣ расонида истодааст.
Моро мебояд, ки истеҳсолу фурӯши бештари маҳсулотамонро дар қутиҳои қоғазиву шишагӣ ба роҳ монем. Аз сӯи дигар, дар кишвари мо корхонаҳои махсуси безараргардонӣ ва дуюмбора истифода бурдани маҳсулоти полиэтиленӣ вуҷуд надорад. Бинобар ин, маҳсулоти имрӯзаи бозори дохилиро бояд тарзе ба роҳ монем, ки аз онҳо партовҳои нолозиму ба табиат ва солимии инсон хатарнок боқӣ нагузорем. Дар шароити кунунӣ, ки 80% фисади партовҳо аз ҳисоби қуттиҳо ва халтаҳои полиэтиленианд, он хатари №1 барои табиат ва умуман ҳаёти инсон эътироф шудааст. Бинобар ин, барои пешгирӣ аз хатарҳои ногувор аз ҳоли ҳозир бояд чораҷӯӣ намуд.
Вагарна табиати сарсабзу аз лиҳози экологӣ тозаву солимеро, ки имрӯз ба осонӣ ифлос карда истодаем, шояд аз сари нав барқарор карданаш ниҳоят мушкил афтад. Барои дар оянда оқилона амал намудан ва ҳифз намудани муҳити зист мо бояд ба мардум роҳи дурустро пешниҳод намоем, зеро аз бетаваҷҷуҳӣ зарар расидан ба табиати нотакрори Тоҷикистон гуноҳест, нобахшиданӣ
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
12-05-2021, 17:57