Вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби бонувон зиёд шуданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 2 168
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии мамлакат натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Вахш №32-ро, ки 18 апрели соли 2021 баргузор гардид, тасдиқ намуд.
Ҳамин тавр, Одиназода Ҳуснигул Раҷаб бо гирифтани 65,9%-и овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷ. Балхӣ №30 ва Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар бо гирифтани 66,3% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Вахш №32 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шуданд.
-
26-01-2021, 14:00
-
2-04-2021, 20:35
-
3-02-2021, 15:04