Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ВАХШ. 76 ҲАЗОР БЕХ НИҲОЛ ШИНОНИДА ШУД


ВАХШ. 76 ҲАЗОР БЕХ НИҲОЛ ШИНОНИДА ШУД




Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ва меҳнаткашони ноҳия дар давраи шаш моҳи соли равон самаранок меҳнат намуда, ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд. Аз ҷумла, ҷамъоварии андозҳои давлатӣ 101% иҷро гардида, ба буҷет 30 миллиону 854 ҳазору 811 сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 181 ҳазору 745 сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 659 сомнӣ зиёд мебошад. Дар ин бора раиси ноҳияи Вахш Юсуф Қурбонзода зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ бо назардошти андози иҷтимоӣ нақшаи андозҳо 102% иҷро гардида, ба буҷет 38 миллиону 387 ҳазору 930 сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбати нақша 594 ҳазору 37 сомонӣ ва нисбат ба 1 июли соли гузашта 5 миллиону 623 ҳазору 830 сомонӣ зиёд аст.

Бо мақсади беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист дар ноҳия 76 ҳазор бех ниҳол шинонида шуда, дар 7 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия 17 маротиба аксияи тозагии соҳил бо иштироки 2860 нафар гузаронида шуда, 45,9 км ҳудуди роҳу роҳравҳо ва кӯчаю маҳаллаҳо тоза карда шуд.


Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода